Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Доро Суҳробӣ, журналисти латукӯбшуда аз ҷониби милиса маротибаи дуюм аст, ки аз ҳуш меравад ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон расонида мешавад.
Бо Доро, ки рангу рӯяш парида ва дар ҳоли ногувор қарор дошт, дар бемористони «Истиқлол» суҳбат намудем. Ӯро Раҷабзода Маҳмадулло, ректори Донишкадаи забонҳо ва декани факултаи филололияи рус Тавбаева Мавлуда Мусулмоновна ҳамроҳӣ менамуданд.
Ба гуфтаи Доро, пас аз «кашмакашҳои» чанд рӯзи охир, даъват ва пурсупоси муфаттишону адвокат ва вазъи нохуби саломатиаш ё дар якчанд дарс иштирок карда натавонистааст ва ё дер кардааст. Доро мегӯяд, пас аз латукӯби милиса чанд вақт аст, ки агар каме асабонӣ шавад, сараш ба дард медарояд, пеши чашмонашро торикӣ пахш мекунад. Доро ба дарси Тавбаева Мавлуда медарояд.
- Чанд лаҳза фикрҳои ҳархела майнаамро мағшуш доштанд, худамро гум кардам, пеши назарамро торикӣ гирифт. Дигар чизеро дар ёд надорам… Ба худ омадам, духтурони ёрии таъҷилиро болои сарам дидам ва маро ба бемористони «Истиқлол» оварданд,- ба ёд меорад Доро.
Муаллима Мавлуда Тавбаева ҷой доштани ин ҳолатро ҳангоми дар синфхона қарор доштани Доро тасдиқ намуда, мегӯяд, мошини ёрии таъҷилиро ӯ даъват намудааст ва то беморхона Дороро ҳамроҳӣ намудааст. Мавсуф мегӯяд, дар роҳ ба Раҷабзода Маҳмадулло, ректори Донишкадаи забонҳо тамос гирифтааст ва ректор ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» расида омадааст.
Раҷабзода Маҳмадулло, ректори Донишкадаи забонҳоиТоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, ки «ин бача ҷавон аст, ояндадор аст, гули сари сабади ҳама чорабиниҳои мост. Чунин ҷавононро дастгирӣ кардан даркор, на ин ки хориҷ. Ман шахсан 15 сол дар коллеҷу донишкадаҳои гуногун декан кор кардаам. Ин хел бачаҳо ва духтарони боистеъдоду болаёқатро хеле дӯст медорам. Ман аз воқеаи ба сари Доро омада аз расонаҳо огоҳ шудам, ҳамаи ин ҳолатҳоро ба назар мегирем. Айни замон хобгоҳи донишҷӯён дар маҳаллаи 33-юм таъмири капиталӣ шуда истодааст. Аввал ҷавонони фаъолро ҷой мекунем. Рӯзҳои наздик як ҳуҷраи онро ба Доро ва рафиқи наздикаш ҷудо мекунем. Мо ҳама вақт ҷавонони боистеъдодро дастгирӣ мекунем, чӣ кӯмаке лозим бошад, дареғ намедорем».
Ба гуфтаи Раҷабзода, табибон сари Дороро «томография» кардаанд. Чӣ доруву дармоне лозим бошад, шахсан худи ӯ таъмин мекунад.
Ректор мегӯяд, мехоҳад Доро Суҳробӣ пас аз хатми Донишкадаи забонҳо магистратура хонад ва дар ҳамин Донишкада бимонад. Ин таклифашро ҳам ба Доро пешниҳод намудааст.
- Доро барои мо даркор аст. Ӯ донишҷӯи намуна аст. Мо бояд бачаҳои қобилиятнокамонро худамон тарбия кунем. Хонанд, ҳимоя кунанд, ин ҷавонон ояндаи моянд,- мегӯяд Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.