Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Пандемияи COVID-19 ба бекории бесобиқаи сартосарӣ оварда расонид, ки дар натиҷа бисёр мамлакатҳо метавонанд ба мушкилоти набудани амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш дар сессияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба амалисозии ҳадафҳои рушди устувор зикр намуд.
Рӯзи 26-уми апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором оид ба амалисозии рушди устувор аз рӯйи шарти «беҳтар аз пештар» ва ҳамкории минтақавӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором иштирок ва баромад кард.
Инчунин, бо тартиби онлайнӣ дар вохӯрӣ Раиси Ассамблеяи Генералии СММ Волкан Бозкир, Раиси Шӯрои иҷтимоӣ-иқтисодии СММ Мунир Акрам, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишабону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибат, Қирғизистон, ҷазираҳои Маршаллов, Муғулистон, сарвазирони Тайланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиджи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон иштирок карданд.
Сессияи 77-ум ба масоили таҳлили таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемия дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, чораҳои айни замон андешидашуда, таҳияи қарорҳои сиёсӣ барои барқарорсозии беҳтар дар асоси ҳамкории минтақавӣ дар чор сектори ба ҳамдигар алоқаманд, васеъ намудани соҳаи иҷтимоӣ, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ба хотири барқарорсозии уситувор бахшида шуда буд.
Тавре дар баромади худ Президенти Тоҷикистон зикр намуд, имрӯз дар ҷаҳон давлат ва саноате нест, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 ҳимоят шуда бошад. Ҳаҷми иқтисодиёт, буҷаи давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, мубодилаи асъори миллӣ, фаъолияти ширкатҳои истеҳсоливу ташкилотҳои хизматрасонӣ дар тамоми ҷаҳон аз оқибатҳои манфии пандемия зарар мебинанд. Дар ҳамин ҳол, пандемияи COVID-19 ба бекории бесобиқаи сартосарӣ оварда расонид, ки дар натиҷа бисёр мамлакатҳо метавонанд ба мушкилоти набудани амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Сардори давлат зикр намуд, ки паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон зарурат пеш овард, то оид ба пешгирии ин беморӣ, паст кардани хисороти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии табақаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла бознигарии буҷаи давлатӣ барои соли 2020, омодасозии зиёда аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ, ташкили 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тандурустӣ баҳри табобати пурраву саривақтии беморони аз COVID-19 сироятёфта, ҷудо кардани воситаҳои иловагӣ барои харидории таҷҳизоти тиббиву доруворӣ, сохтмони беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиббӣ дар кишвар чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Барои бартараф сохтани оқибатҳои пандемияи COVID-19 Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба судмандро бо шарикон оид ба рушд, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ васеъ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба кулли давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ барои дастгирияшон дар давраи пандемия ташаккур гуфт.
Зикр гардид, ки сарфи назар аз чораҳои андешидаи Ҳукумат, таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пештара ба мушоҳида мерасад. Аммо аз оғози имсол дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, барқарорсозии иқтисодиёти баъди коронавирус, танзими тиҷорати хурду миёна, дастгирии гуруҳҳои осебпазир, амалисозии чорабиниҳои зиддиэпидемӣ, аз ҷумла барномаҳои иммунизатсияи ҳамаи давлатҳо, бо шумули минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором захираҳои иловагии молиявӣ талаб мекунанд.
Дар ин робита Сардори давлат зикр намуд, ки таваҷҷуҳи махсуси давлатҳои минтақа ба сармоягузорӣ барои барқарорсозии устувори иқтисодиёт, дастгирии тиҷорат, таъмини интиқоли бемаҳдудияти воситаҳои ниёзи аввалия, хусусан хӯрокворӣ ва воситаҳои тиббӣ муҳим аст.
Дар интиҳои баромади худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои ҳамкорӣ, инчунин муборизаи муштарак муқобили хатарҳову буҳронҳо даъват ба амал овард.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»