Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз маъмурони пулис хостааст, ки дар ҷараёни кори худ ба ҳуқуқи инсон арҷ гузоранд.
Аммо ӯ дар идомаи ин суҳбат аз маъмурони пулис ё худ милисаҳо хостааст, ки ба озодӣ ва ҳуқуқи инсонҳо арҷ гузоранд. Ҷаноби Раҳмон ба масъалаи шиканҷа дар кишвар ҳам ишора карда, гуфтааст: "Сиёсати ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфтааст. Ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад".
Ин ҳарфҳо дар ҳоле баён мешаванд, ки наздикони чанде аз боздоштшудаҳо аз шиканҷа ва зарбу лати онҳо дар боздоштгоҳҳои пулис шикоят доранд. Аз ҷумла, пайвандони Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев ба ин боваранд, ки ин ду танро дар боздоштгоҳи пулис дар Душанбе латукӯб карда, то ҳолати марг расондаанд. Ҳарчанд мақомот ин иддаоро қабул надоранд.
Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи милиса ба чанд паҳлуи кори пулиси тоҷик ва мизони ҷинояткорӣ дар кишвар дахл кардааст. Ӯ аз кори нозирони минтақавӣ як навъ шиква карда ва гуфтааст, ки "содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ба тариқи фаврӣ ошкор нагардидани онҳо низ натиҷаи фаъолияти начандон хуби баъзе нозирони минтақавӣ мебошад".
Бинобар ин, аз Вазорати умури дохилӣ тақозо шудааст, ки бо таъсиси гуруҳи корӣ фаъолияти тамоми нозирони минтақавиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар санҷиш кунад.
Ба қавли президент Раҳмон, то ба ҳол ҳолатҳои содиркунии ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти милиса аз байн нарафтааст. Ӯ гуфтааст, танҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти умури дохилӣ беш аз 50 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро нигаронӣ карда, гуфтааст, ки маъмурони пулис дар муқоиса ба солҳои пеш бояд ҳушёртар бошанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, "гуруҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет васеъ истифода менамоянд".
Ба бовари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар аксар маворид Интернет натанҳо чун воситаи алоқа, "балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад". Эмомалӣ Раҳмон дар шарҳи ин ҳарфҳои худ гуфтааст, вале ин нигаронӣ ба маънои он нест, ки Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд намояд.
Ҷаноби Раҳмон дар суханронии худ ба вазъи ҷинояткории ноболиғон низ ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷинояткории ноболиғон 26,4 дарсад афзудааст. "Ин ҳолат гувоҳи нокифоя будани корҳои пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия мебошад",- афзудааст ӯ.
Президенти Тоҷикистон ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, ки якҷоя бо Вазорати умури дохилӣ тамоми ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо дар давоми се соли охир содиршударо омӯхта, "низоми махсуси татбиқи чораҳои пешгирӣ ё дигар чораҳои судмандро таҳия ва пешниҳод намоянд".