Эътилоф тасмими моҳонаи зидди шиканҷаро амалӣ намуд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми май то 26-уми июни соли равон тасмими моҳонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа амалӣ намуд.

Давоми як моҳ дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ аз иқтибосҳои фаъолони шаҳрвандӣ - ихтиёриён, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, намояндагони санъати Тоҷикистон оид ба дастгирии раҳоӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷойгир карда шуданд. Эътилоф тақвимҳои ҷайбиро бо ин иқтибосҳо барои соли 2020 омода намуд, ки дар рафти чорабинии асосӣ - рӯзи 26-уми июн дар Душанбе паҳн карда шуданд.

Дар ин рӯз дар толори “Вефа Сентр” намоиши корҳои рассомӣ (графикӣ)-и рассоми фаъол Фаррух Неъматзода, ки дар онҳо муаллиф дар шакли эҷодӣ мавзуи зӯровариро кушода додааст, таҳти куратории арт менеҷер Лолисанам Улуғова, баргузор гардид. 

 

 

 

 

 

Чорабинӣ дар сабки перформанс (намоиш), ки дар худ санъати визуалӣ, мусиқӣ ва нутқро ҷой додааст, гузаронида шуд. Перформанс, ки дар вақтҳои охир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон васеъ паҳн шудааст, бар зидди дилхоҳ намуди зӯроварӣ, аз ҷумла шиканҷа равона карда шуд. 

 

 

 

 

 

 

 

Чанд рӯз пеш аз ин, 22-юми июн дар Хуҷанд намоиши анъанавии аксҳои Эътилоф бахшида ба хотираи 18 қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар баргузор гардид. 

Дар рафти чорабиниҳо дар Душанбею Хуҷанд инчунин футболкаҳо бо навиштаҷот-даъвати “Талошҳоямонро барои мубориза бо шиканҷа муттаҳид месозем!” ва таквим барои соли 2020 тақсим карда шуданд.

Ба тамоми дӯстон, шарикон, ҳамкорон, ки ба чорабинии мо пайваста, дар мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона саҳми муносиби худро гузоштанд, миннатдорӣ изҳор менамоем.

 

 

Чорабиниҳои зикргардида бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ, Фонди Зигрид Роузинг, Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

NoTorture.Tj