Эътилофи зидди шиканҷа фаъолияти худро барои соли 2017 ҷамъбаст кард

1-2-юми феврали соли ҷорӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди натиҷаи фаъолияташ дар соли 2017 ҷамъомад баргузор кард.

Роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов зикр намуд, ки дар соли гузашта ба Эътилоф муяссар гардид дар самти муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар як қатор тағйирот ворид намояд. Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Эътилоф 66 муроҷиат дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд; дар мавриди 52 парванда манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо пешбарӣ гардид, ки аз он 40-тояш нав ва 12 адади дигар аз солҳои гузаштаанд.

Эътилоф дар пешбурди парвандаҳои судӣ роҳнамоӣ мекунад, ҳамеша ба механизми пардохи ҷуброни муносиб ба қурбониён ва хешовандони онҳо аз ҷониби давлат тибқи қарорҳои судӣ аҳамият медиҳад. Дар соли 2017 оид ба ҷуброни зарар аз рўи парвандаҳое, ки дар робита бо маблағи номуносиб ва ноодилонаи пардохти ҷуброн шикоят шуда буд, 2 қарор бароварда шуд.

Аввалин бор ду аризаи даъвогӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок омодаву пешниҳод карда шуд. Дар мавриди баррасии даъво аз рўи парвандаи Умарҷон Бобоҷонов Прокуратураи генералӣ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ фиристод ва онро таҳти назорати худ гирифт.

Адвокатҳои Эътилоф бо пешниҳод намудани дархостҳои асоснок дар бораи беэътибор будани далелҳои дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба даст овардашуда таҷрибаи истифодаи меъёрҳои моддаи 88, эзоҳи 1-и КМҶ ҶТ-ро васеъ мекунанд.

Эътилоф барои офиятбахшии қурбониён и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо мусоидат менамояд. Масалан, дар соли 2017-ум 46 нафар офиятбахшӣ гузаштанд: 22 зан ва 24 мард. Аз шумораи умумии қурбониён 21 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, 25 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмонаанд. Нуҳ нафар ноболиғонанд.

Ташкилотҳои узви Эътилоф аъзои Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, ба шумор мераванд. Дар соли 2017 гуруҳ аз 10 муассисаи пўшидау нимапўшида ва чор қисми низомӣ дидан намуд.

Эътилоф мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар самти озодӣ аз шиканҷа амалӣ менамояд, ба мақомоти СММ гузоришҳои алтернативӣ омода месозад, инчунин дар раванди пешбурди озодӣ аз шиканҷа ҳангоми муколамаҳо оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок мекунад.

Аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ зиёда аз 470 матолиб, аз ҷумла хабарҳо, мақолаҳои таҳлилӣ, мониторингҳо, шарҳҳои матбуотӣ ва ғайра дар сайти Эътилоф пахш карда шуд.

Эътилоф торнамои худ - www.notorturetj.org (www.notorture.tj) ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад, ки воситаи иттилоърасонӣ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона маҳсуб ёфта, дар онҳо метавон мақолаҳои мавзуии ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаи ташхису тадқиқотҳо, мусоҳиба ва дигар маълумоти заруриро дарёфт намуд.

Дар соли 2017 фаъолияи умумии Эътилоф аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Фонди Зигрид Раузинг Траст, бахши ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон, Фонди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа, Вазорати корҳои хориҷии Финландия, БРСММ ва ғайра дастгирӣ карда шуд.

Эътилофи ТҒД оид ба мубориза бо шиканҷа моҳи сентябри соли 2011 ба хотири муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Имрўз аъзо ва шарикони Эътилоф 12 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 6 нафари инфиродӣ ба шумор мераванд.

NoTorture.Tj