Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон фаъолияташро барои 9 моҳи соли 2020 ҷамъбаст намуд

Аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2020-ум 30 муроҷиати нав оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардида, зиёда аз 174 машварат дода шуд. Аз рӯи 7 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва 11 парвандае, ки пештар ҳуҷҷатгузорӣ шудаву аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф пеш бурда мешаванд, роҳнамоии ҳуқуқӣ амалӣ гардид.

Аз ҷумла, аз ҷониби узви Эътилоф - ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо 355 машварат дода шуда, аз рӯи 10 парванда роҳнамоии ҳуқуқӣ сурат гирифт. ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» хизматрасонии адвокатро аз рӯи 3 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин 70 машваратро таъмин намуда, 63 ҳуҷҷати ҳуқуқиву маъмурӣ тартиб дода шуд.

28 нафар (аз рӯи 19 парванда) офиятбахшӣ гузаштанд, ки аз онҳо 9 нафар мард, 13 зан, 2 писари ноболиғ ва 4 духтари ноболиғ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 16 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, як духтар (12-сола) қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ ба шумор рафта, 11 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмонаанд.

Аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 254 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 118 матлаб, бо забони тоҷикӣ 116 матлаб ва бо забони англисӣ 20 матлаб нашр карда шуд.

Оид ба фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа дар 9 моҳи соли 2020 муфассалтар инҷо маълумот пайдо кардан мумкин аст: https://notorturetj.org/news/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-beznakazannosti-v

NoTorture.Tj