Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли 2026 Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қурбониён ва пешбурди парвандаҳои стратегии судии аз ҷумла ба ташаккули таҷрибаи устувори ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон ва пардохти ҷубронпулӣ ба онҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ равонагардидаро идома дод.
Аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2026 аз ҷониби котиботи ГЁҲ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 11 муроҷиат вобаста ба масъалаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, кор аз рӯйи ду парвандаи солҳои қаблӣ - Ашурматов Н. ва Дӯстов Т. идома ёфт. Ҳуқуқвайронкуниҳои муайянкардашуда боздоштҳои ғайриқонунӣ, зӯроварии ҷисмонӣ, аз ҷумла латукӯб ва истифодаи ҷараёни барқ, фишори равонӣ, таҳдид ва тарс додан, маҷбурсозӣ барои додани нишондодҳои худиқрорӣ, сари вақт дастрасӣ надоштан ба адвокат, нақзи ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ, инчунин риоя нашудани кафолатҳои мурофиавӣ ва шароити нигоҳдориро дар бар мегирифтанд. Шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои амалҳои муайян ё ҳамчун воситаи оштӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон истифода шудаанд.
Аз шумораи муроҷиатҳои сабтгардида шаш муроҷиат аз шахсони синни 20 то 34-сола, як муроҷиат аз шахси синни 35 то 45-сола ва чор муроҷиат аз шахсони синни 46 то 60-сола ворид шудааст. Ҳамин тавр, қисми асосии муроҷиатҳоро аризаҳои шаҳрвандони синни 20-34-сола ташкил доданд. Ҳамзамон, ҳамаи 11 муроҷиати ҳуҷҷатгузоришуда ба амалҳои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ вобаста буданд.
ГЁҲ фаъолияти телефонҳои бовариро дар самти ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома дод. Се телефон - барои вилояти Суғд (987873333), вилояти Хатлон (987876666), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (987087676) берун аз вақти корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва идҳо низ дастрас мебошанд. Дар нимсолаи аввал мутахассисони ГЁҲ 43 машварати шифоҳӣ пешниҳод намуда, 18 вохӯрӣ бо адвокатҳо гузаронида ва 22 ҳуҷҷати хаттии мурофиавиро омода намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ГЁҲ инчунин мониторинги мурофиаҳои судиро амалӣ намуд. Аз рӯйи як парванда се маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд. Дар рафти мушоҳида ҳолатҳое ба қайд гирифта шуданд, ки аз нуқтаи назари риояи кафолатҳои мурофиавӣ нигаронӣ ба бор меоранд: ҳангоми додани нишондод аз ҷониби шоҳиди асосӣ айбдоркунандаи давлатӣ бо телефони мобилӣ суҳбат мекард ва баъди ба охир расидани нишондодҳо толори мурофиаи судиро тарк намуд. Мурофиҳо бо таъхири то 30 дақиқа оғоз мешуданд. Ҳамчунин, дастрасӣ ба бинои суд барои шахсони дорои маъюбият ва шаҳрвандони дорои ҳаракати маҳдуд бинобар набудани роҳравҳои махсус (пандусҳо) маҳдуд буд. Ба ғайр аз ин, нобаробарии иштирокдорони мурофиа дар масъалаи истифодаи телефонҳои мобилӣ ба қайд гирифта шуд: айбдоркунандаи давлатӣ ва котиби суд дар толори мурофиа аз телефон истифода мебурданд, дар ҳоле ки телефонҳои дигар иштирокдорон ҳангоми ворид шудан гирифта мешуд.
ГЁҲ вохӯриҳои мунтазами машваратиро бо адвокатҳое, ки парвандаҳои Эътилофро пеш мебаранд, коршиносон, ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар роҳнамоии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба Эътилоф иштирок мекунанд, инчунин ташкилотҳои адвокатӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст фаъолият менамоянд, идома дод. Дар давоми шаш моҳи соли 2026 бо адвокатҳо 18 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид, ки ба баррасии стратегияҳои ҳимоя дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ оид ба парвандаҳои таҳти роҳнамоии ГЁҲ бахшида шуда буданд.
Фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилоф (ГЁҲ) ба таъсиси системаи самараноки вокуниш ба муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пешбурди механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ҳамоҳангсозии расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо равона шудааст. Ба ҳайати ГЁҲ ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Ҳуқуқи дастрас», ФҶ «Нотабене», ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», инчунин шарики Эътилоф Умед Ниёзов дохил мешаванд. Котиботи ГЁҲ аз ҳамоҳангсоз ва ду мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ иборат аст. Аъзои гурӯҳ дар масъалаҳои ҳуҷҷатгузории шиканҷа, таҳияи стратегияҳои ҳимояи ҷабрдидагон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ва мубодилаи таҷрибаи муваффақ ҳамкорӣ мекунанд.