Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Душанбе, 20-25 июл - Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду тренинги омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва гирифтани ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдории шахсони таҳти ҳабс, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологӣ баргузор гардид.
Тренингҳо дар асоси Дастур оид ба мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва гирифтани ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдории шахсони таҳти ҳабс, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳуҷҷати мазкур ва барномаи омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ таҳия ва пешниҳод карда шудаанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Холматова иброз намуд:
«Гурӯҳи мониторингии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам тавассути омӯзишҳо иқтидори худро тақвият медиҳад. Бо вуҷуди ин, таҳлили амалияи мавҷуда зарурати таҳияи абзорҳои махсусгардонидашударо барои мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологӣ нишон дод. Абзорҳои нави мониторинг ва омӯзиш оид ба истифодаи онҳо имкон медиҳанд, ки сифати мониторинг беҳтар гардида, баҳодиҳии ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсон таъмин ва ҳифзи гурӯҳҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ тақвият дода шавад.»