Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Вебинари "Манъи шиканҷа: стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи судӣ" барои муколамаи касбӣ миёни судяҳо ва коршиносон замина фароҳам меорад. Иштирокдорон ҳолатҳои амалиро баррасӣ мекунанд, табодули таҷриба менамоянд ва равишҳоеро, ки ба ҳимояи самараноки ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи инсон мусоидат мекунанд, баррасӣ менамоянд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳа, ки аз ҷониби ТҶ "Дунёи ҳуқуқ", узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.