Файзалӣ Достиев: Вазорат ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбиро ҳимоя мекунад

Файзалӣ Достиев: Вазорат ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбиро ҳимоя мекунад

Файзалӣ Достиев, муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа рӯзи 27-уми июл дар ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон зикр кард, ки баъди шомил гардидани ҶТ ба СММ робита бо аъзою созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон зич ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 5-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст, ки «ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ ё тақиркунандаи шаъну шарафи ӯ қарор дода шавад».

- Вазорати мудофиа талаботи Конвенсияи зидди шиканҷаро дар мавриди муносибатҳои бераҳмона ё ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шараф пайваста дар ҷузъу томҳои вазорат мавриди муҳокима қарор дода, бо намояндагони ин созмони бонуфуз аз ҷузъу томҳои вазорат якчанд маротиба дидан намуд. Дар ин раванд бо ҳайати шахсӣ суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда, бо шароити зисту зиндагонии сарбозону афсарон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Дар баробари ин, аз маҳбасхонаҳои гарнизон дидан намуда, баҳогузорӣ карданд,- афзуд ӯ.

Ба қавли номбурда, Вазорати мудофиа ҷиҳати иҷрои нақшаи миллии ҶТ оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, вобаста ба шарҳи универсалии ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2013 ва 2015 ҳамасола дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва дигар ташкилотҳо дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

- Ҳамзамон, соли 2014 ва давраи сипаригардидаи соли 2015 марҳила ба марҳила баҳри ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа мониторинг гузаронида, ки бо шарту шароити хизматчиён шиносоӣ пайдо намуда, бо ҳайати шахсӣ баҳри ҳимоя ва ҳуқуқуи озодии онҳо суҳбатҳои озод барпо карданд. Вазорати мудофиа пайваста барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст,- гуфт дар идома Ф. Достиев.

NoTorture.Tj