Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд адвокатҳои Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев - ду маҳбуси шоҳид дар қазияи марги Ҳамза Икромзодаро, ба беэҳтиромӣ нисбати мақомоти судӣ айбдор карда, нисбати онҳо протокол тартиб додаанд.
Бо нишони эътироз аз ноадолатӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ дар мурофиаҳои судӣ толори судро тарк кардани адвокатҳо - Файзинисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов дирӯз, 3-юми октябр, ба ин сабаб шудааст.
Адвокат Файзинисо Воҳидова мегӯяд, онҳо бо нишони эътироз судро тарк кардаанд, зеро дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ дар маҷлисгоҳи додгоҳӣ кормандони маҳкамаи тафтишотӣ ва сардори муассиса бевосита иштирок карда, зимни саволу ҷавоби шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва судшавандаҳо, ки ҳама маҳбусони зиндонӣ мебошанд, дахолат намуда, эрод гирифта, имкон намедиҳанд, ки мурофиаи додгоҳӣ озоду шаффоф баргузор гардад.
- Ин беэҳтиромӣ нисбати мақомоти судӣ нест, агар суд мустақил набошад ва натавонад, ки аз дахолати як сарбози қаторӣ дар мурофиаҳо пешгирӣ кунад, вой бар ҳоли чунин суд. Мо ба нишони эътироз судро тарк кардем. Ин чӣ суд аст, чӣ хел баррасии судӣ аст, вақте аз тарафи шоҳидони воқеӣ додани баёнот дар хусуси шиканҷа шудани онҳо аз тарафи масъулини муассиса, сардори муассиса ба шоҳид дарафтода, намегузоранд, ки озодона фикри худро баён намоянд. Мо ин чизҳоро дирӯз баъди ин ки бо нишони эътироз судро тарк кардем, дар як нишасти хабарӣ ба журналистон гуфтем.
- Баъди ин мо аз муассисаи ислоҳии 3/3-и Хуҷанд, ки роҳбараш Диловар Арабов аст, сигнал гирифтем, ки аллакай баъди ин онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифта, чанде аз он маҳбусоне, ки шоҳидӣ дода буданд, ба ШИЗО - ҷаримагоҳ бурда шудаанд.
Мо агар ҳамин ҳоло як комиссия таъсис дода, ин шоҳидонро ташхис кунем, шиканҷа шудани онҳо исбот мешавад, аммо дар мақомоти вилояти Суғд моро касе гӯш кардан намехоҳад. Барои ҳамин, мо маҷбур шудем, бори дигар ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба прокурори генералӣ муроҷиат кунем, - мегӯяд адвокат.
Дар изҳороти дирӯзаи адвокатҳои Тошев ва Ризоев гуфта мешавад: “Имрӯз суд ба таҳқиқи далелҳои шайъӣ гузашт ва ҳангоми азназаргузаронии як адад телефони мобилӣ, ки гӯё бо воситаи он маҳбусон ҷароҳатҳои ҷисмонии худро ба навор гирифта, минбаъд сабти он дар расонаҳои хабарӣ пахш шудааст, мо бо иҷозати раисикунанда телефони мобилиро ба судшавандаҳо додем, то ки аз назар гузаронида, фикру ақидаҳои худро баён намоянд, Вале кормандони қисми ҳарбӣ телефонро кашида гирифтаанд. Яъне ба мурофиаи судӣ, ҳатто, афсарону сарбозони қатории қисми ҳарбӣ дахолат мекунанд:.
Изҳороти вакилони дифоъ мегӯяд, ки сардори маҳкамаи тафтишотии рақами 9/2 Саидолимов О., ки бевосита дар маҷлиси судӣ иштирок дорад, маҳз ҳангоми шиканҷа шудани маҳбусон ӯ сардори Шӯъбаи Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд буд ва ҳоло сардори муассиса мебошад, телефонро кашида гирифта, намондааст, ки судшаванда онро аз назар гузаронида, фикрашро баён кунад.
Саидолимов гӯё раисикунандаи мурофиаи судӣ бошад, эрод гирифтааст, ки адвокатҳо аз худ рафтаанд, беасос ҳамарӯза арзу дархост мекунанд, судшавандаҳо беасос шикоят менависанд ва то он рӯзе, ки ӯ сардори муассиса мебошад, ягон арзу дархости судшаванда аз ин муассиса берун намебарояд.
Дар поёни изҳорот омадааст, ки “ин шароите, ки дар он мо қарор дорем, тоқатнофарсо буда, аз чунин баррасии парванда, ҳатто, бӯи адолат ҳам намеояд".
Дирӯз як гурӯҳи наздикони маҳбусон гуфтанд, тасмим гирифтаанд, ки барои ҷалби диққати президент ба ин масъала назди Қасри президент гирдиҳамоӣ кунанд.