Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мақсади гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо расонидани кумаки ҳадди ақал имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани мустақилият ва қобилияти ҷисмонӣ, руҳӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин мутобиқшавии пурра ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа аст.
Дар рафти фаъолияти Гуруҳи офиятбахшӣ дар семоҳаи аввал дар робита бо пандемияи COVID-19 як қатор тағйирот қабул гардид. Бо сабаби пур будани бемористонҳо, кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои ғайри фаврӣ то замоне, ки паҳншавии вирус кам гардид, барои дертар мавқуф гузошта шуд. Инчунин кумаки равоншинос ба таври фосилавӣ гузаронида шуд, бо он сабаб, ки сафар ба минтақаҳо муваққатан манъ гардида, машваратҳои рӯ ба рӯ бехавф набуданд. Ҳам барои мутахассисон ва ҳам мизоҷон машваратҳо тариқи онлайнӣ ё телефонӣ гузаронида ва ё барои баъдтар мавқуф гузошта шуданд. Кори иҷтимоӣ бошад, пурзӯр карда шуд. Оғоз аз 15-уми июн Гуруҳи офиятбахшӣ тадриҷан ба низоми муқаррарӣ гузашта, кор дар тамоми муассисаҳои тиббӣ пурра анҷом шуд.
Дар соли 2020 фаъолияти Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо бештар ба расонидани хидматгузориҳо, боло бурдани иқтидори мутахассисон ва коркарди маводи амалӣ барои мутахассисоне, ки дар мавриди офиятбахшӣ хизмат мерасонанд, равона карда шуд.
Гуруҳи офиятбахшӣ фаъолияташро дар ҳамкории зич бо Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф амалӣ мекунад. Баъди дастрас кардани ариза дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона ва ҳуҷҷатгузории он аз ҷониби ГКҲ, бо розигии қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳояшон онҳо барои дарёфти хизматрасониҳои офиятбахшӣ ба Гуруҳи офиятбахшӣ фиристода мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои офиятбахшӣ 32 нафар аз рӯйи 22 парванда муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 10 нафар мард, 16 нафар зан, 2 писарбачаи ноболиғ ва 4 духтари ноболиғ мебошанд. Аз шумораи умумии қурбониён 19 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 12 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона буда, як духтар (12-сола) қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ ба шумор меравад.
Нисбати 17 нафар аз 19 қурбонӣ, ки бевосита аз шиканҷа зарар дидаанд, шиканҷаи ҷисмонӣ истифода шудааст: латукӯб, гузаронидани қувваи барқ тавассути нохунҳо, зарбазанӣ ба қисми сар, шикам ва рӯй, тар кардан дар об, кашидан аз мӯйи сар. Нисбати ду қурбонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фишори равонӣ, аз ҷумла таҳқир истифода шудааст.
Ба 30 нафар аз 32 нафар кумаки тиббиву равонӣ расонида шуда, як нафар аз офиятбахшӣ даст кашидааст. Духтари ноболиғ, қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ ба ТҶ «Корвони умед» фиристода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ду дастурамал таҳия карда шудааст:
Дастурамал оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва ё аъзои оилаҳои онҳо.
Дастурамал барои равоншиносон ҳуҷҷат барои истифодаи мутахассисон-равоншиносоне ба шумор меравад, ки ба нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо кумаки равонӣ мерасонанд. Дастурамал бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, миёни мутахассисон паҳн карда мешавад ва дар торнамои Эътилоф нашр шудааст. Дастурамал нақшаи расонидани кумак, инчунин усулҳоеро дар бар мегирад, ки равоншиносон бояд ҳангоми гузаронидани баҳогузории аввалия ва дар ҷараёни расонидани кумаки равонӣ истифода баранд. Ба мисли Дастурамал оид ба кори иҷтимоӣ, ин Дастурамал кейс-менеҷментро (варақаҳои бақайдгирӣ, баҳогузории аввалия, баҳогузории миёндавриву ниҳоӣ ва ғайра) дар бар мегирад. Дар асоси дастурамали таҳиягардида 23 нафар равоншинос омӯзонида шуданд, ки 8 нафарашон равоншиносони системаи пенитенсиарӣ мебошанд.
Дастурамал оид ба офиятбахшии иҷтимоии нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ва ба кормандони иҷтимоӣ омӯзонидани навгониҳои кейс-менеҷмент.
Дастурамал амалҳои қадам ба қадамро оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ва дастгирии нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо, аз ҷумла усулҳои кейс-менеҷментро аз лаҳзаи ворид гардидани қурбонӣ то офиятбахшии пурраи ӯ дар бар мегирад. Ҳуҷҷат бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ омода гардида, миёни мутахассисон оид ба кори иҷтимоӣ паҳн карда шуда, дар торнамои Эътилоф нашр шудааст. Бо мақсади санҷиши Дастурамали таҳиягардида, инчунин намунаи парвандаи шахсии истифодабаранда, аз ҷониби Гуруҳи офиятбахшӣ дар мавзуи «Кейс-менеҷмент - технологияи офиятбахшии маҷмуии иҷтимоии нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо» барои кормандони иҷтимоии амалкунанда аз шаҳри Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва намояндагони муассисаҳои пенитенсиарии Вазорати адлияи ҶТ тренинг гузаронида шуд. Дар ҷараёни тренинг ба иштирокдорон зинаҳои роҳнамоии инфиродии иҷтимоии нафарони аз шиканҷа зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи шахсӣ омӯзонида шуд.