Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ: 38 муроҷиати шаҳрвандон дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд

Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 38 муроҷиати шаҳрвандон, ки аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф шикоят намудаанд, ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст.

Дар мавриди 36 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дастгирии ҳуқуқӣ амалӣ карда шудааст, ки аз он 20-тояш парвандаҳои нав буда, 16-тои дигар парвандаҳое ҳастанд, ки аз солҳои пеш аз ҷониби ҳуқуқшиносони эътилоф ҳуҷҷатгузорӣ гардидаву пеш бурда мешаванд.

Эътилоф ба пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ афзалият додааст ва ҳамзамон таҷрибаи судиро дар мавриди ба миён овардани амалияи устувор оид ба пардохт шудани ҷуброни кофӣ ба қурбониён ва хешовандони онҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ мекунад. Ташкилотҳо ҷамъоварии фаъолонаи далелҳоро амалӣ месозанд, барои баҳогузории зарари маънавии ба қурбониёни шаканҷа/хешовандони онҳо расонидашуда таҳлилгарони миллӣ ва байналмилалиро ҷалб мекунанд, назари «Амикус»-ро дар рафти мурофиаи судӣ истифода мебаранд. Дар амалияи фаъолияти Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ аввалин маротиба аризаҳои даъвогӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти бесамар омода карда шуданд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбати 2 парванда, ки барои ҷуброни зарар шикоят карда шуда буд, ҳалнома баромад; баррасии 4 парванда идома дорад; 3 парванда, аз ҷумла 2 парванда оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти бесамар ба суд пешниҳод карда шуда, баррасиҳои судӣ дар назаранд; 13 парвандаи дигар дар ҳоли омода шудан ҳастанд.

Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯаи қонунгузорӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, ки соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ таҳия гардида буд, аз тарафи Идораи САҲА дар Тоҷикистон нашр шуд. Теъдоди маҷмӯа, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба табъ расид, 900 нусхаро ташкил медиҳад. Маҷмӯа ҳангоми гузаронидани вохӯриҳои иттилоотонӣ дар минтақаҳои кишвар тақсим карда шуд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ моҳи сентябри соли 2011 барои муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аъзои Эътилоф ҳуқуқшиносони намоёни ТЃД бо таҷрибаи бисёрсолаи корӣ мебошанд. Ба 30-юми июни соли 2017 аъзо ва шарикони Эътилоф 11 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 8 шахси инфиродиро ташкил медиҳанд.

NoTorture.Tj