Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи аз 1-уми июл то 30-юми сентябри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аъзои Эътилоф 15 муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои эҳтимолии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 5 ҳолаташ марбут ба ноболиғон аст.
Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ин мақомоти давлатӣ ворид шудаанд: ВКД, аз ҷумла РМЗҶМ, қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.
Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ 16 машварати шифоҳӣ дода ва аз рӯи шикояти шаҳрвандон 5 аризаи хаттӣ тартиб дода шуд. Аз ҷониби мутахассисони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 21 машварат дода шуд, ки аз он 16-то машварати шифоҳӣ ва 5 аризаи хаттӣ аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон мебошанд.
Дар вилояти Суғд 7 машварати шифоҳӣ оид ба масоили шикоят аз амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шикоят аз далели истифодаи шиканҷа дар суд дода шуд.
Дар вилояти Хатлон оид ба масоили гузаронидани санҷиши прокурорӣ, ҷамъоварии далелҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таҳияи стратегия дар мавриди парвандаҳои стратегӣ 5 машварати шифоҳӣ расонида ва 3 аризаи хаттӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷониби мушовири Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ аз рӯи муроҷиатҳои дар доираи фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ воридгардида 18 машварати хаттӣ ва 12 машваратӣ шифоҳӣ дода шуд; 11 стратегияи адвокатҳо дар ҳимояи қурбониёни шиканҷа баррасӣ гардид; дар 18 ҳолат таҳлили шакли ҳуҷҷатгузорӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи 6 парванда мониторинги мурофиаҳои судӣ, ки судшавандаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона ариза дода буданд, гузаронида шуд.
Ташкилотҳои аъзои Эътилоф дар соли 2017 аз рӯи 15 парванда, ки аз он 10-тояш нав ва 5-тои дигар аз солҳои қаблиянд, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо намояндагӣ карданд.