Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи ҳисоботӣ дар 4 муассиса - муассисаи ноҳиявии руҳии ноҳияи Б. Ғафуров (25-26-уми феврали соли 2019), муассисаи ноҳиявии руҳии ноҳияиЗафарободи вилояти Суғд (27-28-уми феврали соли 2019), беморхонаи вилоятии руҳии ноҳияи Роштқалъа (16-18-уми соли 2019) ва тафқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар ВМКБ (19-20-уми марти соли 2019) мониторинг гузаронида шуд.
Дар соли 2019 гузаронидани чорабиниҳои иттилоотонӣ барои кормандони ШВКД дар минтақаҳои кишвар идома дода шуд. 11-15-уми марти соли 2019 аъзои гуруҳи мониторингӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои кормандони ШВКД ВМКБ - Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Хоруғ ва РВКД дар ВМКБ як қатор чорабиниҳои иттилоотонӣ гузарониданд, ки дар онҳо 250 нафар иштирок карданд. Дар чорабиниҳои иттилоотонӣ аз ҷумла масоили стандартҳои асосии озодӣ аз шиканҷа ва ҳуқуқҳои маҳбусон, инчунин фаъолияти гуруҳи мониторинги назди ВҲИ ҶТ баррасӣ гардиданд.
29-уми январи соли 2019 дар идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ вохӯрии ҳисоботии аъзои Гуруҳи корӣ оид ба татбиқи ПФ ба КЗШ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамаи аъзои Гуруҳи корӣ, аъзои гуруҳи мониторингӣ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ иштирок карданд. Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи мониторингӣ дар соли 2018 баррасӣ шуда, инчунин нақшаҳои корӣ барои соли 2019 коркард гардиданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ иштирокчиён бо аъзои нави Гуруҳи корӣ аз Прокуратураи генералӣ ва СРИҶҶ шинос шуданд.
Аз моҳи декабри соли 2013 дар Тоҷикистон дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ таъсис ёфта, фаъолият мебарад.
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ дар доираи афзалиятҳои стратегии Эътилоф таъсис ёфта, чунин ҳадафҳоро дар пеш гузоштааст: а) пешбурди татбиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва механизми миллии пешгирикунанда, б) таъсиси механизми мониторинги мустақили ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ.
Гуруҳ узви Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди татбиқи ПФ ба КЗШ, ҳамоҳангсози механизми мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ (минбаъд Гуруҳи корӣ) ба шумор рафта, фаъолияти Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ (минбаъд Гуруҳи мониторингӣ)-ро ҳамоҳанг месозад.