Гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа: дар соли 2021 барои офиятбахшӣ 14 нафар ворид шудаанд, ки 9 нафарашон занҳоянд

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо расонидани ёрии ҳадди ақал имконпазир ба қурбониён дар барқарорсозии мустақилият, қобилияти ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ҳамгироии пурраи иҷтимоӣ ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

Дар соли 2021 фаъолияти Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо бештар ба хизматрасонӣ ва баланд бардоштани иқтидори мутахассисон нигаронида шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои офиятбахшӣ 14 нафар ворид шуданд, ки аз онҳо 5 нафар мард ва 9 нафар занҳоянд. Аз шумораи умумии қурбониён 6 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 8 нафари дигар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона мебошанд. Ҳамаи ин нафарон дар марҳилаи гузаштани офиятбахшӣ қарор доранд.

Нисбати шаш қурбонии бевосита аз шиканҷа зарардида шиканҷаҳои ҷисмонӣ истифода шудаанд: латукӯб бо бастани пову дастҳо, гузаронидани ҷараёни барқ тавассути нохун ба дастҳо, зарбаҳо ба шикам, сар ва рӯй, зарбаҳо бо калтак ба қисмати зонуҳо, фишор ба сутунмуҳра, зарбаҳо бо мушт ба сар ва шикам, беҳушшавӣ, сактаи мағзи сар, зарбаҳо ба зону, зарбаҳо бо мушт ба китф, таҳдиди таҷовуз, кашидан аз мӯйи сар.

Ҳамаи қурбониён, инчунин хешовандони онҳо ҷароҳат бардоштаанд, ки дар натиҷа бо мушкилоти дорои хусусияти тиббию равонӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.

Дар натиҷаи ташхис дар қурбониён ва хешовандони онҳо ҷароҳатҳои хислати тиббӣ доштаи зерин муайян гардидаанд: баландшавии фишори хун, дарди дил, дард дар сутунмуҳра, баландшавии қанд дар хун, сактаи мағзи сар, дард дар зонуҳо, шиддат гирифтани панкреатит. Пас аз муоинаи невропатолог, кардиолог, ортопед,терапевт ва эндокринолог тавсияҳо дар шакли табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ дода шудаанд.

Айни замон ҳамаи 14 нафар кумаки равонӣ гирифтаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба чордаҳ нафар қурбониёни эҳтимолӣ, ҳамзамон ба аъзои оилаҳои онҳо кумаки тиббии такрорӣ расонида шудааст. Дар миёни онҳо шаш нафар зан, ҳафт мард ва як духтари ноболиғанд. Ҳамаи чордаҳ нафар муоинаву ташхис шуда, табобати амбулаторӣ гирифтаанд.

Маълумоти муфассалтарро оид ба фаъолияти Гуруҳи офиятбахшӣ дар сайти Эътилоф мутолиа намоед: www.notorturetj.org

NoTorture.Tj