Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ВАО дар мавриди инъикоси масоили вобаста ба шиканҷа ва таъсиси сиёсати “таҳаммулпазирӣ” нисбати шиканҷа аҳамияти зиёд медиҳад.
Инъикоси ҳолатҳои инфиродии истифодаи шиканҷа ва ҷараёни мурофиаҳои судӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи доираи васеи аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаи миллӣ ва байналмилалӣ ба ин масоил ҷалб гардад ва талошҳои онҳо барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ муттаҳид карда шавад.
Ин самти фаъолият дар Эътилоф бар дӯши Гуруҳи расонаӣ аст, ки фаъолияташ ба инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба мубориза зидди шиканҷа тавассути ВАО равона гардидааст. Гуруҳи расонаӣ намояндагони ташкилотҳои узви Эътилоф ва рӯзноманигнорони алоҳидаро муттаҳид месозад. Котиботи Гуруҳи расонаӣ аз ҳамоҳангсоз, се мутахассис оид ба инъикоси масоили шиканҷа ва як нафар IT-мутахассис иборат аст.
Дар соли 2018 Гуруҳи расонаӣ якчанд чорабинии фарогир баргузор намуд, аз ҷумла:
Барномаи онлайнии шунидани гузориши миллии Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба ҷараёни татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо 4-уми майи соли 2018 дар маҷмааи “Душанбе-Плаза” ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 50 нафар намояндагони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июни соли 2018 дар се шаҳри Тоҷикистон: Дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар намоиши анъанавии аксҳо ба хотири қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо гузаронида шуд, ки дар он 18 қиссаи қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо пешкаш гардид.
Аз чорабинӣ зиёда аз 100 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, ВКД, КДАМ, мақомоти прокуратура, судҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин нафароне, ки мехостанд қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳоро дастгирӣ намоянд, дидан карданд.
Дар намоишҳои аксҳо видеоролик дар асоси қиссаи қурбонии шиканҷа - Хушвахти 17-сола пешкаш гардид. Ин аввалин парвандаи ҷиноятие буд, ки тибқи моддаи “шиканҷа”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда ва аз рӯи он ҳукми айбдоркунӣ бароварда шуд.
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар саҳифаи Эътилоф дар «Фейсбук» матлаби мултимедии “Шиканҷа ҳаст! Нест бод шиканҷа!”, ки дар бораи 18 қиссаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона қисса мекунад, инчунин инфографика таҳти унвони “Ҳаёти қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон чанд пул меистад?” пахш карда шуд.
Дар чорабиниҳо ғолибони озмуни Эътилоф барои беҳтарин матолиби журналистӣ эълон гардида, бо туҳфаҳо ва дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд:
- хабарнигори радиои «Озодӣ» Муллораҷаб Юсуфӣ бо мақолаи «Ҳаёти сарбоз чанд пул меистад?»;
- хабарнигори «Азия-Плюс» Сайраҳмон Назриев бо силсиламатлабҳо оид ба таҳқиқи марги сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов;
- рӯзноманигори мустақил Билоли Шамс бо матлаб оид ба шикояти ду нафар зан аз ноҳияи Темурмалик вобаста ба шиканҷа нисбати наздиконашон дар милитсия.
Истифодабарандаи аз ҳама фаъоли торнамо ва саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Хуршеда Раҳимова дониста шуд. Ба ӯ низ дипломи хотиравӣ тақдим гардид.
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар - пеш аз 10-уми декабр дар шаҳри Душанбе баннерҳо бахшида ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки сарматни умумӣ ва 11 моддаи ЭУҲБ, инчунин иқтибосҳои намояндагони мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бар мегирифтанд, овехта шуданд. Аксияи мазкур дар торнамо ва саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври фарогир инъикос гардид.
Эътилоф дорои торнамои худ - «Озодӣ аз шиканҷа» - www.notorture.tj, www.notorturetj.org аст. Он соли 2012 таъсис ёфта, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст. Ба ғайр аз ин, Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ (январ - декабри соли 2018) аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ дар торнамои Notorturetj.org 394 матлаб пахш карда шудааст, ки аз онҳо 168 матлаб бо забони русӣ, 195 матлаб бо забони тоҷикӣ ва 31 матлаб бо забони англисӣ аст. Аз ин миён, дар бахши маркази расонаӣ 177 матлаб, дар бахши таҳлил 53, дар бахши мониторинг 18, дар бахши назар 40 матлаб ва ғайраҳо ҷойгир карда шудаанд.
Қисми зиёди матлабҳои марбут ба масоили шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар дигар ВАО («Вечёрка», «Авеста», радиои «Озодӣ», «Азия-Плюс», «Фараж», «Суғднюс» ва ғайра) бознашр гардиданд. Бояд зикр намуд, ки рӯзноманигорон ҳангоми омодасозии матолиб бо адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони Эътилоф, коршиносони судӣ-тиббӣ, табибон ва дигар мутахассисон ҳамкории густурда мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ҳудуди 25 тадқиқоти журналистӣ гузаронида шудаву хроникаҳои судӣ инъикос ёфтанд.
Иттилооти бештарро метавон дар истиноди зерин пайдо намуд: http://notorturetj.org/
Ҳамчунин, иттилооти бештарро метавонед дар саҳифаҳои иҷтимоии мо дастрас намоед:
На Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
В Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012
В Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
В Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
В Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
В Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
В Теллеграмм: http://t.me/notorturetj
В Инстраграмм: notorture.tj