Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО ва ҷалби аҳолӣ ба мубориза бо шиканҷа таъсис дода шудааст.

Эътилоф дорои торнамои худ - www.notorturetj.org мебошад, ки заминаи иттилоотӣ оид ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ба шумор рафта, онҷо матолиби муаллифӣ ва матолиби ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилҳо ва таҳқиқотҳо, мусоҳибаҳо ва дигар маълумотҳои заруриро дарёфт кардан мумкин аст.

Гуруҳи расонаӣ дар асоси Стратегия амал мекунад, ки фаъолияташ ба инъикоси васеи масоили озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар ВАО-и миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ, ташкили баҳсҳои ҷамъиятӣ ва вокуниш аз рўи далелҳои мушаххаси истифодаи шиканҷа, пешбурди тағйиротҳои системавӣ дар самти мубориза бо шиканҷа равона гардидааст.

Ҳамоҳангсози Гуруҳи расонаӣ аз соли 2016 ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба шумор меравад, ки ба Эътилоф дохил аст.

Ҳамоҳангсозии талошҳо ва табодули доимии иттилоот имкон медиҳанд, ки ба таври фаврӣ ба далелҳои истифодаи шиканҷа вокуниш нишон дода ва аз нусхабардории фаъолиятҳо худдорӣ карда шавад, чорабиниҳои якҷояи эдвокасии ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаронида шаванд, ки самаранокии кор дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро боло мебарад.

Соли 2012 Эътилоф фаъолияти худро тариқи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо рўзноманигорон ва ВАО, иттилоърасонӣ дар бораи фаъолияташ тавассути торнамои иттилоотии худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз бахшид.

Эътилоф торнамои www.notorturetj.org ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорад:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj