Хоруғ: “Аз давлате, ки ба сӯйи сокинонаш гулӯла шиллик кард чи гуна ҳимоят кунам?”

Хоруғ: “Аз давлате, ки ба сӯйи сокинонаш гулӯла шиллик кард чи гуна ҳимоят кунам?”

Як сокини шаҳри Хоруғ, гуфтааст, ки вай зарур намедонад аз давлат ва мақомоти кишваре, ки метавонанд ба сӯйи сокинони ғайринизомӣ гулӯла шиллик кунад, ҳимоят кунад.

Ин шаҳрванди 54-солаи маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон яке аз афроди захмишуда дар амалиёти низомии давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ будааст.

Ҳамчунин ин фард гуфтааст, ки дар ин рӯз вай, ки шадидан захмӣ шуда ва ниёз ба кумаки пизишкон доштааст, натавонистааст, ба мавқеъ ин кумакро дарёфт кунад ва водор шуд, ки бо мушкилоти фаровоне ба бемористони сили шаҳри Хоруғ бирасад ва кумаки аввалияро дар ин ҷо дарёфт кунад.

Ин мард яке аз посухдиҳандагон ба суолоти намояндагони созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар барои анҷоми таҳқиқоти амалиёти шаҳри Хоруғ аст.

Ӯ гуфтааст, ки баъд аз захмӣ шуданаш борҳо ба бемористон муроҷеъат ва барои мудовои ҷароҳаташ сармояи зиёдеро сарф карда, вале ғаромате аз сӯйи давлат дарёфт накардааст.

Риъояти ҳуқуқи башар дар амалиёти Хоруғ

Дар ин таҳқиқоти намояндагони иддае аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҳамчунин сарнавишти чанде дигар аз сокинони вилояти Бадахшон, ки қурбонии амалиёти низомии як соли қабл дар шаҳри Хоруғ будаанд, гирдиҳам оварда шудааст.

Аксари онҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ гуна ғаромат аз сӯйи давлат барои бардоштани ҷароҳот ва мудовои онҳо дарёфт накардаанд.

Натиҷаи ин таҳқиқот ба шакли як ҷузваи иборат аз сад саҳифа чоп шуда ва рӯзи сешанбеи 10 сентябр дар як маросими вижаи бо ширкати намояндагони ин созмонҳо дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ шуд.

Нигина Баҳриева, раҳбари созмони Сандуқи иҷтимоъии "Нотабене", яке аз созмонҳое, ки дар анҷоми ин таҳқиқот саҳим буд, мегӯяд, ки натиҷаи назарпурсии ин таҳқиқот ҳокист, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ ва баъд аз он ба нақзи ҳуқуқи инсон дар арсаҳои мухталиф роҳ дода шудааст.

Ӯ афзуд: “Қабл аз ҳама дар ин амалиёт давлат ҳаққи донистани воқеъият барои мардумро риъоят накард. Ҳамчунин ҳаққи мардум барои ҳимоят ва дарёфти ғаромати хисорот низ нақз шудааст. Зеро дар тӯли як соли ахир баъд аз ин амалиёт ҳануз мақомоти давлатӣ сабаб ва ҳадаф аз баргузории ин амалиёт, омори дақиқ дар мавриди шумори кормандони интизомӣ ва низомии ширкаткунанда дар онро эълом накардаанд.”

Афзун бар ин хонуми Баҳриева мегӯяд, ки дар мавриди шумори афроди кушташуда дар миёни афродӣ ғайринизомӣ ва низомӣ дар ҷараёни он амалиёт гузоришҳои зиддунақизе пахш шуданд ва то ҳол омори дақиқ дар ин замина эълом нашудааст.

Хонуми Баҳриева мегӯяд, ки ин таҳқиқоти намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нахустин пажуҳиш дар бораи натоиҷи як амалиёти низомии давлатӣ будааст. Ва ӯ афзуд, ки ҳадафи онҳо аз ин таҳқиқот мушаххас кардани афроди гунаҳкор ва ё бегуноҳ набуда ва яке аз аҳдофи аслии онҳо муроъоти ҳуқуқи инсон дар ҷараёни амалиётҳое будааст, ки мақомоти давлатӣ онҳоро ба унвони мубориза бо афроди ҷиноятпеша муъаррифӣ мекунанд.

Ба ҷуз аз Сандуқи иҷтимоъии "Нотабене", намояндагони панҷ созмони ғайридавлатӣ, аз ҷумлаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар ин пужӯҳиш саҳим будаанд.

Аз ҷумла, намояндагони Анҷумани ҳуқуқдонҳои мавсум ба “Помир”, Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак, Сандуқи ҳуқуқи башари Хелсинг ва Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз моҳи августи соли гузашта дар робита ба ин ҳодиса ва паёмадҳои он дар миёни сокинони шаҳри Хоруғ ва шоҳидони дигари амалиёти низомӣ назарпурсӣ анҷом додаанд.

Таҳқиқоти “якҷониба”

Масъулони ин созмонҳо мегӯянд, ки таҳқиқот ниҳоӣ набуда ва анҷоми комили он ба “дастарсӣ ба иттилоъот” дар мавриди ин амалиёт ва паёмадҳои он дар ниҳодҳои давлатӣ бастагӣ доштааст. Онҳо набуди дастрасӣ ба иттилоъи ниҳодҳои давлатиро аз мушкилоти умда дар роҳи анҷоми таҳқиқоти пурра хонданд.

Натиҷаи таҳқиқоти марбут ба нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти шаҳри Хоруғ дар соли 2012 дар ҳолест, ки давлати ин кишвар дар гузашта низ дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон амалиётҳоеро барои ба гуфтаи мақомоти интизомӣ “поксозии қаламрави ин кишвар аз афроди ҷиноятпеша” анҷом дода буд.

Иттилоъ дар мавриди натиҷаҳои ин амалиётҳо барои расонаҳо танҳо аз ниҳодҳои интизомӣ ва ба таври якҷониба дарёфт мешавад. Аз ин рӯ, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар оянда дар сурати рух додани ҳаводиси монанд ба амалиёти шаҳри Хоруғ ҳатман таҳқиқоти мустақилеро барои дақиқ кардани сабабҳо ва натиҷаи воқеъии он анҷом хоҳанд дод.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин пажуҳиш мебояд амиқтар ва паҳлӯҳои бештаре аз ҳаводиси Хоруғро ошкор мекард. Аммо масъулони ин созмонҳо мегӯянд, ки бархе аз иттилоъот бо таваҷҷӯҳ ба амнияти бархе аз пурсидашудагон дар гузориш сабт нашудааст.

Дар ин гузориш сабтҳои видиюие, ки дар рӯзу шаби амалиёти Хоруғ тавассути гушиҳои телефунҳои мубойл забт шуда ва дар интернет интишор шуда буд, ба унвони далел ва санад эътироф нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар охири ҷузваи "Натиҷаи таҳқиқоти созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар бораи амалиёти шаҳри Хоруғ", арзёбии бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, дафтари Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Зариф Ализода, раиси ин дафтар навишта, ки ин таҳқиқот то андозае “якҷониба” буда ва дар он иттилоъ дар мавриди гурӯҳҳои ғайриқонуқнии мусаллаҳ, ки алайҳи кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, иттилоъе пахш нашудааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқоти парванда дар робита ба ин ҳодисаро ҳануз идома медиҳанд ва натиҷаи ниҳоии он баъд аз анҷоми ин таҳқиқот пахш хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузоришҳои худ ба созмонҳои байналмилалӣ дар сутӯҳи мухталиф эълом кардаанд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ 23 нафар аз сокинони ин шаҳр, ки 21 нафари онҳо ҷангҷӯён будаанд, кушта шудаанд.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, ки субҳи рӯзи 24 июли 2012 анҷом шуд, ба гуфтаи манобеъи мустақил, ҳудуди 50 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.

Ин амалиёт дар пайи кушта шудани женерол Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, ба дасти афроди номаълум, анҷом шуд, ки вокунишҳо ва интиқодоти густардаеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба дунбол дошт.

Би-би-сӣ