Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳии ЯС №3/1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад.
Наздикони Ҳ.Икромзода дар назди бинои сарраёсати мазкур ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабабҳои марги ӯ дақиқона мавриди тафтишот қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазо дода шаванд.
Хешовандони ҳалокшуда бар ин назаранд, ки ӯ дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифта, осори захм ва луту кӯб дар ҷисмаш ба он гувоҳӣ медиҳанд.
Табиби муассисаи ислоҳӣ Абдуҳаким Тугаев дар робита ба ин масъала ба намояндагони ВАО изҳор дошт, ки ба ҳалокшуда ёрии аввалини тиббӣ расонида, ба баданаш зарфҳои оби гарм мондааст. «Ман дар бадани Ҳамза Икромзода осори сӯхтаро мушоҳида накардам», - гуфт ӯ.
Қаблан падари марҳум Файзалӣ Икромов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки тавассути ВАО ба президенти кишвар муроҷиат карда, аз ӯ дархост менамояд, ки гунаҳкорони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Мо комилан ба адолати президент бовар дошта, мутмаинем, ки ӯ мо, волидайни марҳумро аз умеди охирини беҷазо нагузоштани гунаҳкорон маҳрум нахоҳад кард», - гуфта буд Икромов.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.
Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам карда шуд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.