Article Pages

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати чаҳор афсари милисаи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо анҷом дода, бо айбдорӣ ба моддаи 143 прим 1, "шиканҷа", ба додгоҳи пойтахт ирсол доштааст. Як манбаи наздик ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони милиса дар Додситонии кул рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи ин қазия Фарҳод Нурхонов,...

19.07.2019 - 11:09

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ним соли равон 4 муроҷиат вобаста ба шиканҷа ба ниҳоди онҳо ворид шудааст, ки пас аз баррасӣ исботи худро наёфтаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Умед Бобозода рӯзи 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки шикоятҳо аз наздикони маҳбусон ворид шудаанд. — Аз ҷониби кормандони мақомот дар ҷои ҳодиса санҷиш гузаронида шуд. Яке аз...

18.07.2019 - 21:37

Рӯзи 26-уми июн дар як чорабинии бахшида ба Рӯзи мубориза бо шиканҷа наққошиҳои Фаррух Неъматзода, рассоми тоҷикро ба намоиш гузоштанд, ки дар онҳо усулҳои шиканҷа ва ранҷ кашидани қурбониёнро нишон медиҳад.

01.07.2019 - 12:09

Тасвирҳои наққоши тоҷик Фаррух Неъматзода, ки ҳолатҳои шиканҷа ва зӯровариро офаридааст, дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ба намоиш гузошта шуд, вале мутаассифона, худи ӯ бо сабаби беморӣ ҳузур надошт. Намоиши тасвирҳо ва чорабинӣ рӯзи 26-уми июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ва зӯроварӣ ҳамасола қайд мегардад, имсол дар «Кохи Суруш»-и шаҳри...

29.06.2019 - 14:21

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми май то 26-уми июни соли равон тасмими моҳонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа амалӣ намуд. Давоми як моҳ дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ аз иқтибосҳои фаъолони шаҳрвандӣ - ихтиёриён, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, намояндагони санъати...

26.06.2019 - 16:25

Имрӯз дар толори “Вефа Сентр” дах расм-овезаҳо муаррифӣ гардиданд, ки чӣ будани шиканҷа, эҳтимоли дар куҷо рух додани онҳо ва аз ҳама муҳим, чӣ тавр пешгирӣ намуданашонро ба таври равшан шарҳ доданд. Намоиши корҳои рассоми фаъолро “видеоряд” ва визуализатсияи театрикунонидашудаи “Перформанс” аз актриса Фирӯза Каримова, ки бар зидди зӯроварӣ ва шиканҷа равона шудаанд, роҳнамо буданд. Эътилофи...

26.06.2019 - 16:03

Бо сабабҳои техникӣ, макони баргузории чорабинӣ аз муассисаи давлатии "Душанбе Плаза" дар толори "ВЕФА" иваз карда шуд. Дар шахри Душанбе, имруз - 26 июн, аз сотаи 10:00 то 12:00, маҷмааи МД «Душанбе-Плаза». Намоишгоҳи корҳои бадеии (графикӣ) рассоми фаъол Фаррух Неъматзода, ки дар он мавзуи зӯроварӣ дар шакли бадеӣ, бо ҷузъҳои иҷроиши омехтаи санъати визуалӣ, мусиқи ва нутқ ...

26.06.2019 - 09:24

Алмаато, Бишкек, Брюссел, Душанбе, Париж, Вена, Варшава: 26-уми июни соли 2019 Замоне шабона, моҳи июли соли 2018 кормандони милиса дар ноҳияи Ёвон ба хонаи Шаҳбоз Аҳмадов омада, ба ҷавон супориш доданд, ки онҳоро ба қитъаи маҳаллии милитсия роҳнамоӣ намояд, то барои кушодани ҷиноят кӯмак расонад. Аммо, тавре иттилоъ дода мешавад, баробари расидан, ӯро ба идора бурда, дарро маҳкам карданд, ба...

26.06.2019 - 03:06

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе даъвои падари як сарбозро, ки баъди се соли ҳалокати писараш дар Горди миллии Тоҷикистон хостори ҷуброни моддиву маънавӣ шуд, рад кард. Аммо хонаводаи сарбоз аз ин ҳукм норозист. Шӯҳрат Таваллоев соли 2016 дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Мақомот далели марги ӯро худкушӣ номиданд, вале наздиконаш ба он шубҳа доранд. Наҷмуддин Лоиқзода,...

25.06.2019 - 15:40

Аз рӯзи душанбе, 27-уми май то 26-уми июн дар сомонаи Эътилоф ва шабакаҳои иҷтимоӣ яктогӣ иқтибоси фаъолони ҷавон, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, соҳибкорон, намояндагони санъати Тоҷикистон оиди дастгирии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷойгир карда мешавад. Воситаҳои ахбороти омма ва фаъолон инчунин метавонанд “гирифтори” ин иқдом шуда, дар саҳифаҳо, сомонаҳо ва блогҳои...

25.06.2019 - 09:27

Страницы