Шиканҷа дар Осиёи Марказӣ: замони вайрон кардани доираи нодуруст аст!

Алмаато, Бишкек, Брюссел, Душанбе, Париж, Вена, Варшава: 26-уми июни соли 2019

Замоне шабона, моҳи июли соли 2018 кормандони милиса дар ноҳияи Ёвон ба хонаи Шаҳбоз Аҳмадов омада, ба ҷавон супориш доданд, ки онҳоро ба қитъаи маҳаллии милитсия роҳнамоӣ намояд, то барои кушодани ҷиноят кӯмак расонад. Аммо, тавре иттилоъ дода мешавад, баробари расидан, ӯро ба идора бурда, дарро маҳкам карданд, ба расонидани ҷароҳат бо корд ба нафаре гунаҳгораш намуданд, ба латукӯб ва истифода аз электрошок пардохтанд, то замоне, ки иқрор нашуд. Баъд аз он, ки Шаҳбоз Аҳмадов чанд рӯз дар милитсия таҳти боздошт қарор дошт, қурбонии аз зарбаи корд ҷароҳатбардошта ба кормандони милиса хабар дод, ки Шаҳбоз ҷинояткор набуд. Кормандони милиса ӯро раҳо карданд, вале огоҳӣ доданд, ки дар мавриди шиканҷа хомӯш бошад. Аммо Шаҳбоз ба ташхиси судӣ-тиббӣ рафта, ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурд. Нахуст тафтишот оғоз гардид ва нисбати ду нафар ҷинояткори эҳтимолӣ айб эълон карда шуд. Аммо тафтишот камбудиҳо дошт ва прокуратура парвандаро қатъ намуд. Ҷинояткорон ҷазо нагирифтанду Шаҳбоз барои дард кашиданҳояш ба адолат дастрасӣ наёфт.

 

NoTorture.Tj