Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!

Имрӯз дар толори “Вефа Сентр” дах расм-овезаҳо муаррифӣ гардиданд, ки чӣ будани шиканҷа, эҳтимоли дар куҷо рух додани онҳо ва аз ҳама муҳим, чӣ тавр пешгирӣ намуданашонро ба таври равшан шарҳ доданд. Намоиши корҳои рассоми фаъолро “видеоряд” ва визуализатсияи театрикунонидашудаи “Перформанс” аз актриса Фирӯза Каримова, ки бар зидди зӯроварӣ ва шиканҷа равона шудаанд, роҳнамо буданд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки 26-уми июн қайд карда мешавад, гузаронид.

Дар толори “Вефв Сентр” аз соати 10-и саҳарӣ то нисфирӯзӣ таҳти куратории арт менеҷер Лолисанам Улуғова намоиши корҳои рассоми фаъол Фаррух Неъматзода гузаронида шуд, ки дар шакли эҷодӣ ва бо истифодаи ҷузъиёти перформанси фарогири санъати визуалӣ, мусиқӣ ва нутқ мавзуи зӯровариро бозкушоӣ намуд.

Зимни суҳбат рассом Фаррух Неъматзода қайд намуд, ки “одатан дар фаъолияти рӯзмарраи худ мо дур аз эътироз бар зидди шиканҷаем ва гузаронидани чунин иқдомҳо - ин рухдоди муҳим барои иттилоънок намудани одамон мебошад”.

- Дар доираи намоиш ба ман муяссар гардид, ки бо одамони табақаҳои гунонгуни иҷтимоӣ ҳамсуҳбат шавам,- зикр кард фаъоли ихтиёрӣ Сафарбек.- Мавзуъ мавзуи вазнин аст ва аз ҳама мушкилаш қабул намудани он, ки ин бо ҳамаи мо метавонад рух диҳад. Расмҳои Фаррух Неъматзода ба зӯроварӣ дар муассисаҳои пӯшида, маҳбасҳо, зӯроварӣ дар мактаб ва оила, зӯроварӣ дар кӯча бахшида шуда буданд. Дар асл, мо одатан ба он, ки шахсе дар кӯча, истгоҳ, дар навбат эҳсосоти худро ба атрофиён фурӯ мерезад, чашм мепӯшем. Дар ҳоле, ки ин бо ҳар яки мо рух додааст. Равона сохтани эҳсосот дар сатҳи маишӣ ахиран ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар милитсия ва беморхонаҳо оварда мерасонад. Бадҷаҳлӣ ба хостаҳои атрофиён таъсир мерасонад. Дар қатори расмҳо-овезаҳо расме ҳаст, ки ба ман аз ҳама бисёр писанд омад. Ин расм рамзи раҳошудае бо кабӯтарони сафед аст, ки ба қаъри осмони нилгун мешитобанд.

Рохбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон – Халилов Нурмахмад таъкид намуд, ки маҳаки чорабиниҳои гузаронидашуда - ин имконият додан ба одамон аст, то таҷрибаи худро дар доираи перформанс ифода намоянд.

- Хеле муҳим аст, ки меҳмонони чорабинӣ мубодилаи таҷриба намоянд. Муҳимтар ин аст, ки ҷомеа маҳдуд нашудаву қурбониёнро аз лиҳози равонӣ дастгирӣ кард. Таҷриба нишон медиҳад, ки одатан шиканҷа бе ҳузури шоҳидон рух медиҳад ва шахси онро аз сар гузаронида фикр мекунад, ки агар касе медид, ёрӣ мерасонид... Вазифаи асосии чорабиниҳои ҳамасолаи мо - ин ифодаи қатъиян эътироф накардани шиканҷа ва ҷалб намудани теъдоди зиёди одамон аст, ки онҳо низ тавонанд гӯянд: “Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!”,- афзуд ӯ.

Оғози силсилаи чорабиниҳо дар ин сол - ин гузаронидани намоиши анъанавии аксҳо бахшида ба 27 қурбонии шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо мебошад, ки ҳафтаи гузашта, 22-юми июн дар Хуҷанд баргузор гардид.

 

Бояд гуфт, намоиши аксҳо оид ба қурбониёни шиканҷа аввалин маротиба шаш сол пеш, моҳи июни соли 2013 аз ҷониби ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа ташкил карда шуд. Дар намоиши аксҳо нуҳ қиссаи аксӣ муаррифӣ гардиданд. Ба қатори шаштои онҳо парвандаҳои Ҳамзалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов, ки ҳангоми боздошт ва ё дар ҳабс фавтидаанд, инъикос гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 ба хотири муттаҳид сохтани саъю кӯшиши ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таъсис дода шудааст. Он 13 ташкилоти ғайридавлатӣ иборат аз тақрибан 80 адвокат, рӯзнамонигорон, равоншиносон, коршиносони масоили адлияро муттаҳид месозад.

Бақайдгирии ҳодисаҳои шиканҷа ва расонидани кӯмаки ҳуқуқию равонӣ, муттаҳид намудани саъю кӯшиш ва талабот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ташаккули сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбати шиканҷа дар Тоҷикистон вазифаҳои асосии Эътилоф мебошанд.

Чорабиниҳои зикргардида бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг, Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

NoTorture.Tj