Иттиҳоди Аврупо иқдомҳои пешгирии шиканҷаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Иттиҳоди Аврупо иқдомҳои пешгирии шиканҷаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаи минтақавии “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон”-ро дар доираи барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1156690 евроро ташкил медиҳад, оғоз кардааст.

Тавре ба NoTorture.Tj аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳмгирӣ дар решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон иборат мебошад. Иқдоми мазкур созмонҳои ҷамъиятиро аз Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ҳадафи муштараки онҳо ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа мебошад, ба ҳам меорад. Шарикони лоиҳа инҳоянд: Бунёди ҳуқуқи инсони Ҳелсинки – Лаҳистон (шарики роҳнамои лоиҳа); Идораи байнулмилалии ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон; Бунёди ҷамъиятии Нота Бене (Тоҷикистон) ва Шарикии байнулмилалӣ баҳри ҳуқуқи инсон (Белжик). Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар татбиқи фаъолиятҳои лоиҳа иштирок мекунанд.

Иқдоми 30-моҳа фаъолиятҳои мухталифро пешбинӣ мекунад, ба монанди эҷоди зарфият, ҳамоҳангсозӣ ва барқарор кардани робитаи корӣ дар байни созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар бахши мубориза алайҳи шиканҷа фаъоланд; кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон; фаъолиятҳои вобаста ба дифоъ ва пуштибонӣ дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ барои мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии марбут ба озодӣ аз шиканҷа, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти шиканҷа дар байни ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон.

Бо назардошти имкониятҳои фарогири иқдом ва доираи васеи бозигароне, ки дар татбиқи он ширкат мекунанд, интизор меравад натиҷаҳои системӣ, ба монанди баланд рафтани сатҳу самаранокии таҳқиқоти парвандаҳои марбут ба шиканҷа; фарогирии теъдоди бештари нафарони шиканҷадида, ки аз кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва воситаҳои дифои ҳуқуқӣ баҳраманд мешаванд, барқарорсозии ҳуқуқи қурбонӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, афзоиши зарфияти созмонӣ, таҳқиқотӣ ва гузоришдиҳии созмонҳои ҷамъиятӣ ба даст ояд.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 кишвари узв иборат буда, донори бузургтарини дунё ба шумор меравад. Тоҷикистон қисмати асосии ёрии дуҷонибаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои кӯмак ба барномаҳои соҳавӣ, кӯмаки техникӣ ва грантҳо ба даст овард (66 миллион евро барои солҳои 2007-2010 ва 62 миллион евро барои солҳои 2011-2013). Он ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва рушди бахши хусусӣ, ки аз ҷониби мудирияти молияи давлатӣпуштибонӣ мешавад, диққати марказӣ медиҳад. Тоҷикистон инчунин кӯмакҳои минтақавӣ ва махсусро ба чунин бахшҳо, ба монанди мудирияти сарҳад ва назорати маводи мухаддир (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), таъминоти об/муҳити зист, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), бозигарони ғайридавлатӣ (NSA) ва рушди корхонаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) ба даст меорад. Маблағи умумии кӯмаки ИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб зиёда аз 600 миллион евроро ташкил медиҳад.

NoTorture.Tj