Изҳороти наздикони маҳкумшудагон оид ба латукӯб дар зиндони Хуҷанд

Изҳороти наздикони маҳкумшудагон оид ба латукӯб дар зиндони Хуҷанд

Наздикону хешовандони чанде аз маҳкумшудагон, ки аз муассисаҳои ислоҳии Душанбе ва Ваҳдат ба вилояти Суғд фиристода шуданд, дар бораи латукӯби бераҳмонаи онҳо бо расидан ба ҷойи таъинот хабар доданд.

Рӯзи чоршанбе, 7-уми ноябр, онҳо дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ расман шикоят бурда, сипас ба Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният омаданд.

Онҳо ба аъзои Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа изҳор карданд, ки шаби 6-уми ноябри соли равон беш аз 50 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ба муассисаи ислоҳии №23-и шаҳри Хуҷанд фиристода шуданд.

Ба қавли онҳо, миёни маҳбусони интиқолшуда чор нафар шоҳидон оид ба қазияи марги Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябр дар муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт низ ҳузур доранд. Эҳтимол меравад, ки Ҳ. Икромзода бар асари шиканҷаву латукӯб ба ҳалокат расидааст.

Маҳмурод Ризоев ба аъзои Эътилоф гуфт, ки писари ӯ Суннатулло Ризоев яке аз ин шоҳидон буда, нахуст дар муассисаи ислоҳии Душанбе мавриди фишори кормандони муассиса қарор гирифта, сипас дар муассисаи ислоҳии №23-и шаҳри Хуҷанд бераҳмона латукӯб шудааст.

«Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Ҳ. Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор кард, ки бо чашмони худ дидааст, ки чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шудан латукӯб кардаанд ва нишондоҳои худро иваз карданӣ нест»,- мегӯяд падари маҳкумшуда.

Ба андешаи ӯ, интиқоли маҳбусон ба Хуҷанд ба хотири танҳо ду нафар шоҳидон сурат гирифта, тасмим гирифтаанд, ки дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки барои истифодаи навъҳои бераҳмонаи ҷазо миёни мардум ҳамчун «Гуантанамо» маъруф аст, ба онҳо ҷазои сазовор диҳанд.

«Айни замон писари ман дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар Прокуратураи генералӣ гуфтанд, ки шикоятро баррасӣ мекунанд, вале дар кадом муҳлат? То мавриди аз латукӯб ҳалок шудани писарам? То кай дар муассисаҳои ислоҳӣ чунин амалҳои ғайриқонунӣ сурат мегираду ҳама аз тақдири фарзандони мо бепарво аст? Бе ин ҳам онҳо мувофиқи қонун муҳлати ҷазои худро адо карда истодаанд»,- изҳор кард падари маҳкумшуда.

Тибқи баъзе маълумот, маҳкумшудагон Илҳом Рустамов, Суннатулло Ризоев, Тоҷиддин Ризоев, Умед Холмуродов, Қайс Шарифов, Зоҳир Раҳматов, Садриддин Маҳмадов, Садриддин Тошев ва дигарон ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фиристода шудаанд.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳом Маҳмудов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки интиқоли маҳбусон ба Хуҷанд аз муассисаҳои ислоҳии низомаш шадиди №1, №2 ва №4 мувофиқи чорабиниҳои нақшавӣ сурат гирифта, ахбори баъзе аз ВАО перомуни бидуни огаҳии хешовандон мунтақил кардани онҳо бепоя аст. «Ҳамчунин маълумот дар бораи ба хотири ифшо нагардидани ҳолатҳои марги Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд фиристодани маҳбусон низ асоси воқеӣ надоранд»,- иброз дошт Маҳмудов.

Дар ҳамин ҳол, директори Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Наргис Зокирова иттилои аз хешовандони маҳбусон расидаро «хеле нигаронкунанда» арзёбӣ намуд.

«Муроҷиати наздикони маҳбусон бори дигар бозгӯи он аст, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишварамон вазъ ногувору номусоид буда, барои пешгирӣ ва тафтишоти мунсифонаи чунин ҳодисаҳо мебояд чораҳои таъҷилӣ андешид. Имрӯзҳо ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба ҷараёни амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳад ва дар сурати тасдиқи чунин амалҳои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ, кӯшишҳои ҳукумат дар самти мубориза бо шиканҷа ба ҳеҷ баробар хоҳанд шуд»,- гуфт ӯ дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс».

Ба андешаи ӯ, яке аз мушкилоти мавҷудияти истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон муҷозот нашудани гунаҳкорони ин амалҳост. «То замоне, ки мисолҳои намунавии муҷозот шудани намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои истифодаи шиканҷа нисбати маҳкумшудагон ё розигии хомӯшонаи онҳо дар мавриди рафтори бераҳмона ба зиндониён рӯйи кор наояд, мо ҳеҷ гоҳ ҳатто ба кам шудани шумораи парвандаҳо оид ба шиканҷа ноил нахоҳем шуд. Ҳамчунин хеле муҳим аст, ки чун дар қазияи Сафаралӣ Сангов гунаҳкорони истифодаи шиканҷа бояд мавриди афв қарор нагиранд»,- муътақид аст Зокирова.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева, ки иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҷараён дорад, ҳайати Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳад. Дар иҷлосияи мазкур гузориши як қатор кишварҳо дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ мешаванд.

Ҳайати Тоҷикистонро Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Омбудсмен Зариф Ализода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Нурулло Орифов, раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов ва дигарон намояндагӣ мекунанд.

Гузориши алтернативӣ оид ба шиканҷа дар Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ – Сергей Романов, Гулчеҳра Раҳмонова, Татяна Хатюхина ва Таҳмина Ҷӯраева пешниҳод хоҳанд намуд. Гузориши мазкур давраи солҳои 2007-2010-ро дар бар мегирад.

"Азия-Плюс"