Қасдан расонидани зарар…

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 7). Ҳангоми ҷудо намудани шиканҷа аз қасдан расонидани зарари вазнин, миёна ва сабук ба саломатӣ (моддаҳои 110, 111, 112, 115-и КҶ) бояд дар назар дошт, ки расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ бо кирдори зикргардида, дар сурате ҳамчун шиканҷа банду баст карда мешавад, агар муайян гардад, ки онҳо аз ҷониби муфаттиш, таҳқиқбаранда ё дигар шахси мансабдор бо мақсади ноил гардидан ба мақсадҳои дар қисми 1-и моддаи 1431 КҶ пешбинишуда содир шуда бошанд.

Агар дар натиҷаи шиканҷа шахс то ба худкушӣ расонида шуда бошад, ба саломатии ҷабрдида қасдан зарари вазнин ё миёна расонида шуда бошад, ё ин ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад, чунин ҳаракат қисми дахлдори моддаи 1431 КҶ-ро дар бар гирифта, банду басти иловагиро бо моддаҳои 109,110, 111-и КҶ талаб наменамояд.

 Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда шиканҷа набуда, бо моддаи 115-и КҶ банду баст карда мешавад.

NotortureTj