Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як маҳбуси ҷавон гӯё бар асари латукӯби маъмурони маҳбаси рақами аввали пойтахт, ҷони худро аз даст додааст.
Наздикони Ҳамза Икромзодаи 27-сола иддао мекунанд, ки сабаби марги маҳбус лату куби шадид будааст.
Амир Икромзода, бародари Ҳамза рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи ҳамин рӯз ҷасади бародарашро аз маҳбас гирифтаанд ва дар бадани ӯ осори шадиди латукӯб, доғи сиёҳ дар пешонӣ дар сари синаи ӯ рӯшан маълум аст. Ба қавли Амир Икромзода, зери бағали бародарашро бо дарзмол ё утюг сӯзондаанд.
Амир Икромзода мегӯяд, ки кормандони маҳбас шурӯъ аз раиси ин маҳбас Рустам Тоштемиров, Маҳмуд Исмоилов, Шерафган аз гурӯҳи фаврӣ дар маҳбаси рақами аввал бо сабабҳои барои вай то ҳол номаълум бародари ӯро латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа ба марги ӯ анҷомидааст.
Аммо як масъули Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлия дар посух ба суоли "Озодӣ" дар мавриди ҳодисаи рухдода гуфт, маҳбусе бо ин ном дар зиндони рақами аввал нигаҳдорӣ мешавад, аммо нисбати ӯ бадрафторие сурат нагирифтааст. Ин манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, аз ин қабл як гурӯҳи журналистон аз ҳамин маҳбас дидан намуда ва ҳодисаҳои назири латукӯб ва бадрафторӣ аз тарафи маъмурони зиндонро мушоҳида накарданд.
Ҳамза Икромзода, сокини мавзеи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25-километрии ғарби пойтахт, мебошад ва ду сол қабл барои авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд. Маросими ҷанозаи Ҳамза Икромзода имрӯз, пас аз намози ҷумъа, дар деҳаи Хирманаки Ҳисор баргузор гардид.
Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд ва Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод, ки Афви байналмилалӣ низ пешрафти Душанбе дар набард бо бадрафторӣ унвонаш мекунад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шуд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.