Ҳимояти Иттиҳодияи Урупо аз ҳуқуқи занҳои зиндонии тоҷик

Ҳимояти Иттиҳодияи Урупо аз ҳуқуқи занҳои зиндонии тоҷик

Иттиҳодияи Урупо тарҳи ҷадидеро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони зиндонӣ ва маҳбусони озодшуда дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст.

Овидиу Мик, як тан аз масъулони дафтари Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 27феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳазинаи ин тарҳ 400 ҳазор юру буда ва 75 дарсади онро Иттиҳодияи Урупо ва 25 дарсади дигарро Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи Олмон пардохт кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Мик, тарҳи ҷадиди ҳимоят аз ҳуқуқи занони зиндонӣ ва маҳбусони озодшуда дар Тоҷикистон дар чорчӯби Барномаи “Ибтикори урупоӣ барои демукросӣ ва ҳуқуқи башар” тарҳрезӣ шуда ва тавассути Анституи ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (DVV), Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонун ва созмони ғайридавлатии “Ҷаҳон” иҷро хоҳад шуд.

Заррина Холиқова, масъули дафтари Анституи ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар назар аст дар доираи ин тарҳ дар муддати 24 моҳ дар зиндони занони шаҳри Норак давраҳои вижа барои омӯзиши тахассусҳои компютер, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва сартарошӣ созмон дода шавад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи хонуми Холиқова, дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа марокизи мусоъидат ба ҳамгироии маҳсубони пешин дар ҷомеъа ва касбомӯзӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ки дар бештари маворид занону мардоне, ки аз зиндон озод шудаанд, ҳамеша дар маърази бадгумонии ниҳодҳои интизомӣ қарор доранд ва наметавонанд барои худ коре пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Левон Квачадзе, намояндаи Анституи ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, гуфт, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон чунин як тарҳ ба мавриди иҷро гузошта шудааст.

Оқои Квачадзе гуфт, ки тарҳҳои мушобеҳе дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла, дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Қирғизистон ва Узбакистон иҷро шуда ва натоиҷи мусбате дар пай доштааст.

Ӯ гуфт, ки интизор меравад дар тобистони соли ҷорӣ дар чорчӯби тарҳи ҷадиди ҳимоят аз ҳуқуқи занони зиндонӣ ва маҳбусони озодшуда дар Тоҷикистон гурӯҳи бузурге аз кормандони зиндонҳои Тоҷикистон барои ошноӣ бо вазъи зиндонҳо ба Олмон сафар кунанд.

Би-би-сӣ