Ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ба мақомоти салоҳиятдор

Ҳар як Давлати узв ба ҳар шахсе, ки дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии ин давлат қарордошта таҳти шиканҷа қарор гирифтани худро тасдиқ мекунад, ҳуқуқи ба мақомоти салоҳиятдори ин давлат пешниҳод намудани шикоят ва аз ҷониби онҳо зуд ва беғаразона баррасӣ гардидани чунин шикоятро таъмин менамояд. Барои таъмини ҳимояи даъвогар ва шоҳидон аз ҳама шаклҳои муомилаи бад ё таҳдид бинобар шикояти ӯ ё ҳама гуна гувоҳии шоҳиди тадбирҳо андешида мешавад.

Моддаи 13-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj