Article Pages

Додгоҳи ноҳияи Ёвон парвандаи пурсару садои маъмури пулис Машраб Алиевро ба Додгоҳи Хатлон фиристод. Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон рӯзи шанбе ба "Озодӣ" гуфт, парвандаи ҷиноии корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки дар ҳафтаи гузашта бо амри Додгоҳи олӣ дубора дар Додгоҳи Ёвон ба баррасӣ гирифта шуд, бинобар беэътимодии айбдоршаванда нисбати додгоҳ, ба Суди вилояти Хатлон...

27.07.2013 - 12:35

Падари зиндоние, ки соъоте пеш ба иттиҳоми интишори видиюи шиканҷаи зиндониён дар Хуҷанд боздошт шуда буд, пас аз "шиканҷа шудан" аз боздошт фирор кардааст. Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоев, ки дар додгоҳе дар Хуҷанд муҳокима мешавад, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз чаҳору ним соъати "боздошти ғайриқонунӣ ва рафтори ғайриинсонӣ" бо ӯ тавонистааст аз идораи додситонии...

26.07.2013 - 19:51

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон 30 нафар аз маҳбусон дар асари бемориҳои мухталиф ҷон додаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2012 теъдоди 24 нафар аз зиндониён дар муассисоти бастаи ин кишвар фавт кардаанд. Тавре ки як масъули Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар миёни зиндониёне, ки соли ҷорӣ ҷон додаанд, як...

23.07.2013 - 21:49

24-уми июл аз оғози амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ як сол сипарӣ мешавад. Ин амалиёт баъд аз куштори сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал Абдулло Назаров сурат пазируфт. Имрӯз вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Хоруғ 41 нафар ба ҳалокат расидаанд...

23.07.2013 - 20:09

Падари Суннатулло Ризоев, яке аз ду маҳбусе, ки ду рӯз пас дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои “гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъолияти муасcисаи ислоҳӣ” муҳокима хоҳанд шуд, аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар хоста нисбат ба ин қазия бетафовут набошанд. Маҳмуроди Одина, ки ҳамзамон масъули Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи марбут ба эътилоф Барои Демукросӣ ва...

23.07.2013 - 10:46

Шерхон Салимзода,  додситони кулли Тоҷикистон рӯзи  22 июл дар нишасти хабариаш гуфт,  дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ алайҳи худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 158 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вай гуфт, ки ин парвандаҳо нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба ҷиноятҳои мухталиф боз шуда ва муҷозот шудаанд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимзода, нисбати 7 тан аз...

22.07.2013 - 21:52

Додгоҳи шаҳри Чкалов муҳокимаи парвандаи як корманди пулиси Исфараро бо иттиҳоми шиканҷа идома медиҳад. Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, гуфт, Азимулло Азимов, сардори бахши кофтукови ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шумораи 1-и Исфара мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: банди 143 - “шиканҷа”, 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои...

22.07.2013 - 15:33

Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ се тан сокинони ноҳияи Панҷро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равонаи зиндон кард. Чӣ тавре ки ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон Рустам Давлатшоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, суд Шерхан Тағаев, Алиҷон Валиев ва Далер Зоҳидовро тибқи моддаи 200, қисми 3, банди «в,г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои...

20.07.2013 - 20:06

Ҳар як кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ӯҳдадор аст, усули муассири ҳимояти ҳуқуқиро барои он шахсоне таъмин кунад, ки ҳуқуқ ва озодиашон поймол шудааст. Дар ин замина пешниҳоди ҷуброни зарар яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон мебошад.  Моддаи 9-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, чунин муқаррар мекунад...

19.07.2013 - 10:59

Наздикони қурбониёни ҳаводиси  Хоруғ аз гузориши намояндаи Тоҷикистон дар назди Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ  норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки аксари қурбониёни амалиёти 24-уми июли соли гузашта сокинони маҳаллии  бесилоҳ буданд. Ба гуфтаи наздикони қурбониён, иддаои намояндаи  Тоҷикистон дар нишасти Кумита дар Женева оид ба 21 қурбонии амалиёт, ки гӯё  алайҳи нерӯҳои...

17.07.2013 - 14:27

Страницы