Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳар як ҳикояе, ки дар ин китоб аз он нақл карда мешавад, бо ягон чизе ба Қиссаи пештара монанд аст ва дар айни ҳол аз ҳама ҳикояҳо фарқ мекунад. Қиссаи Илҳом Исмонов бо он фарқ мекунад, ки ӯ ҳамаи бадбахтиҳо ва дарду ранҷро аз сар гузаронида, ЗИНДА монд. Ва аллакай ин ба ҳамсар ва ду фарзанди у умед мебахшад, қувват медиҳад дар истиқлол он рӯзе бошанд, ки онҳо боз бо ҳамдигар якҷоя мешаванд.
Ҳоло бошад ба ҷигарбандои, чун хоби даҳшатбор, 3 ноябри соли 2010 пеши назар меояд, вақте, ки Илҳомро шахсони номаълум дуздида буданд. Он рӯз тамоми ҳаётӣ онҳоро чапагардон кард, ҳамаи нақшаю орзуҳои онҳоро барбод дод. Дуздӣ банақшагирифташуда ва мураттаб буд, дар худи ҳавлии хонаи онҳо якчанд одамони ниқобпуш, бо силоҳ таҳдид карда, ба сари Илҳом халта пӯшонида ӯро ба автомашина савор карда бурданд.
Тамоми шаб Зарина, ҳамсари Илҳом Исмонов, чашм напӯшид. Рӯзи дигар ӯ хабар ёфт, ки шавҳараш на дар дасти гурӯҳи роҳзанони даҳшатноки тасаввурӣ, балки дар бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Хешовандон танҳо 6 ноябр тавонистанд Илҳомро бинанд.. Ҳангоми вохӯрӣ Илҳом аз ҷояш хестан ва ҳатто ҷунбидан наметавонист, пойҳои ӯро шикаста буданд. Вақти мулоқот бо занаш ӯ дар курсӣ дар либоси таг нишаста буд. Заринаи зирак дида тавонист, ки дар ангуштони дастони ӯ пайҳои сӯхтаги аз қувваи барқ буданд, дар гарданаш бошад янчанд ҷойҳои буридаи аҷибе дида мешуданд. Вале ҳамин ки хам шуда, ҷароҳатҳоро бо диққат нигоҳ кардани шуд, ӯро дағалона берун карданд.
Ҳамон шаб Зарина тамоми шаб хоб карда натавонист. Суханони “ӯро шиканҷа доданд” азобовор дар сараш чарх мезананд, ман бошам ба вай ҳеҷ гуна ёрӣ расонида натавонистам. Аз дарки оҷизии худ ӯро даҳшати бештар пахш кард.
12 ноябр баъди даҳ рӯзи пас аз дастгиркунии воқеӣ, Исмоновро занҷирбанд, капюшон дар сар ба суди шаҳри Хуҷанд барои интихоб намудани чораи пешгирӣ оварданд. Бо пойҳои шикаста ӯ ба зӯр роҳ мегашт, мисли азиятманди ҳақиқӣ...
Ҳамон вақт вохӯрии аввал бо адвокат баргузор гардид, ки дар он Илҳом дастони худро бо пойҳои сӯхтагӣ нишон дод, нақл кард, ки чӣ тавр ҳангоми тафтишӣ пешакӣ ба сари ӯ оби ҷӯш рехтанд. Адвокат фавран дар бораи гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ дархост пешниҳод кард, вале суд дархостро рад намуд. Рӯзи дигар судя барои ба ҳабс гирифтани Исмонов рухсат дод ва таъиноти алоҳида бароварда, дар он амалҳои ғайриқонунии кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакилиро зикр намуд.
Баъдан ҳафтаҳои тӯлонӣ дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ гузаштанд. Илҳом ба бемории илтиҳоби шуш ва зиққи нафас гирифтор шуд. Акнун ба Зарина лозим буд, ки ба ғайр аз хурокворӣ, инчунин ҳар бор ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ (СИЗО) доруворӣ ва лавозимотӣ тиббӣ бурда диҳад. Зимнан, то ба имрӯз низ хешовандон барои Илҳом ҳамаи доруҳоро бурда мерасонанд.
Зарина нақли адвокатро баъди вохӯрии аввалин бо Илҳом, ки 19 феврали соли 2011 баргузор гардида буд, дилаш ларзида ба хотир меорад. Мулоқот дар танҳоӣ гузашт ва Илҳом имконият пайдо кард ҳамаашро нақл кунад, ки чиҳоро ӯ дар ШММҶМ (шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) аз сар гузаронид чӣ тавр кормандони ин шӯъба ба бадани ӯ ҷараёнӣ барқи лаппиши паст пайваст карданд, чӣ тавр ӯ зуд-зуд аз ҳуш мерафт, чӣ тавр баъдан ӯро ба қувваи барқӣ 220 волт пайваст карданд. Дард чунин сахт буд ки дар як лаҳзае ӯ ба таҳқири минбаъд тоқат накард, сими қувваи барқро кашида гирифт онро ба синаи худ мезанад. Баъди он, ки дастгиршуда аз ҳуш рафт, кормандони милитсия ба воҳима афтиданд ва ӯро кашола карда ба анборхона бурдан ва ба сараш оби хунук рехтанд. Ӯро тарсонданд, ки агар аз шиканҷа шикоят кунад, ҷазояш медиҳанд. 19 апрели соли 2011 ҳангоми мулоқот бо ҳамсари худ Илҳом ба ӯ гуфт, ки кормандони прокуратура дар бинои кумитаи амнияти миллӣ, таҳти таҳдиди истифодаи шиканҷа, ӯро маҷбур карданд, ки аризаро дар бораи он, ки ӯро шиканҷа надодаанд, имзо кунад.
Шиканҷаҳо ба гуфти Илҳом, тоқатфарсо буданд-ба пушти пойҳои ӯ бо калтак заданд, ба сараш латта баста, аз ду тараф тавре кашиданд, ки ӯ аз сахтии дард аз ҳуш рафт. Ва ин рӯз идома меёфт...
Арзу шикоятҳои сершумор нисбати дастгиркунии ғайриқонунӣ, истифодаи шиканҷа
ва вуҷуд надоштани дастрасӣ ба адвокат, бенатиҷа монданд. Шӯъбаи амниятӣ дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба прокуратураи вилоятӣ гузориш доданд, ки далелҳо дар хусуси истифодаи шиканҷа ва гуё ба назди ҳимоятшаванда роҳ намондани адвокат тасдиқ нагардиданд. Ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан барои сари вақт тартиб надодани протоколи дастгиркунӣ-ин ягона муҷозотест, ки кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили РКД дар вилояти Суғд бо он халос шуданд.
Аз қарор оид ба истеҳсолоти интизомӣ: “Исмонов И.З ноябри соли 2010 аз ҷониби ваколатдори оперативии калони шӯъбаи минтақавии Раёсатӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккили Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, майори милитсия Қодиров Ғолиб Нодирович ба шӯъба гузаронида шуда буд, ва то 10 ноябри соли 2010 бе риояи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми тафтиши маводҳо аз ҷониби Қодиров Ғ.Н саҳлангорӣ ва кашолкории беасос ҳангоми санҷиши маводҳои мавҷуда роҳ дода шудаанд ва сари вақт қарорҳои қонунӣ қабул карда нашудаанд. Сардори ин шӯъба Насимов К. ҳангоми санҷиши маводҳо кормандони зертобеи худро барои сари вақт қабул кардани қарорҳои қонунӣ назорат накардааст, барои бартараф кардани камбудиҳо дар кори Қодиров Ғ. чораҳои зарурӣ наандешидааст. Ҳамин тариқ, Насимов К. ва Қодиров Ғ. барои иҷрои кӯтоҳандешонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ ва кашолкории беасос ҳангоми санҷиши маводҳо нисбати Исмонов И., ба ҷавобгарии интизомӣ сазовор мебошанд”.
Тобистони соли 2011 аз рӯи парвандаи “53 нафар истаравшаниҳо” суд оғоз шуд, дар курсии судшавандагон Илҳом низ буд. Ӯ имконияти охирин пайдо кард таваҷҷӯҳи судро ба шиканҷаҳо ҷалб намояд, вале изҳороти ӯ нашунида монд. Ӯро дар ташкил кардани гурӯҳи ҷинояткор айбдор дониста, ба 8 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд.
Адвокатҳо дар ҷустӯҷӯи адолат то ба охир мубориза бурданд. Тирамоҳи соли 2012 баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баргузор гардид ва ариза дар бораи шиканҷаҳо якҷоя бо 42 аризаҳои дигар аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ барои санҷиш фиристода шуд. Вале, сарфи назар аз пайҳои намоёну возеҳи шиканҷаҳо дар тани ҷабрдида ва дигар далелҳо. Прокуратураи генералӣ оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро рад намуд. Бо вуҷуди ин, марҳилаи кассатсионӣ муҳлати адои ҷазоро барои Исмонов то 6,5 сол кам карда, бо дарназардошти афви умумӣ (бахшиши ҷазо), муҳлати адои ҷазои ӯ 2 сол мондааст.
Зарина, ҳамсари Исмонов, бисёр вақт ба тиреза менигарад ва умедвор аст, ки рӯзи вохӯрии муштоқона чандон дур нест. Як вақтҳо ӯ ҳамин тавр аз тирезаи квартираи худ ба ҳавлӣ менигарист, базгашти шавҳарашро аз Россия интизор буд, ӯ ба он ҷо барои пулкоркунӣ рафта буд. Зарина ба ёд меовард, ки чӣ тавр кӯдаконаш хурсандона фарёд мезаданд “Дадаҷон омад!”, чӣ тавр ӯ ба онҳо тӯҳфаҳо ва шириниҳои гуногун тақсим карда медод.
“Ин лаҳзаҳои хушбахтиро ман ҳамеша ба ёд меорам,- мегӯяд Зарина. Баъзан ба назарам чунин менамояд, ки ин аллакай дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешавад. Он ҳодисае, ки бо шавҳари ман рӯй дод, танҳо зиндагии маро чаппагардон накардааст, ин ба ҳамаи хешовандону ҷигарбандони мо таъсири худро расонид. Модари Илҳомҷон сахт бемор шуд, падараш ба шиддати шадиди рӯҳи гирифтор шуд, ки то ба ҳол аз он раҳо шуда наметавонад. Дили худи ман баъди он чиро, ки дидам ва аз сар гузаронидам, аксар вақт дард мекунад. Шукри Худо модари ман одами дилаш бақувват будааст ва шарики тамоми сахтиҳои ба сари ман боршуда буд, чи қадаре, ки метавонит ёрӣ медод”.
Зарина бовари дорад, ки ҳамаи айбдоркуниҳое, ки нисбати шавҳари ӯ пешниҳод карда шудаанд, бофта ва тасдиқнагардида мебошанд.” Дар он чизе, ки шавҳари манро гунаҳгор карданд, хатто заррае ҳам ҳақиқат нест. Таҳти шиканҷаҳои даҳшатнок ӯро маҷбур карданд, ки ба муқобили худ баёнот диҳад. Мисле, ки дар як зарбулмасал омадааст, “Оташ ки ба беша афтад, тару хушк надонад”. Ин оташ шавҳари манро низ ба доми худ кашид”.- мегӯяд Зарина.
Зарина ба ёд меорад, ки дар оғози ин ҳодисаҳо хеле даҳшатнок буд. Чӣ тавр ӯ метарсид, ки писарашро танҳо ба мактаб фиристонад, чӣ тавр зангҳои телефонии ношинос пайдо мешуданд, чӣ тавр паси дарҳо дар даромадгоҳ хишир-хиширҳои нофаҳмо шунида мешӯданд, чӣ тавр ба почтаи электронӣ мактубҳои фитнаангез меомаданд.
“Кофтуковҳо буданд, тергаву пурсишҳо мекарданд, ки шавҳари ман дар кадом тарзи ист намоз мехонд, ба куҷо меравад, бо кӣ робита дорад. Ба ҳамаи онҳое, ки ақаллан боре бо шавҳараи ман рӯ ба рӯ шудаанд, фишор меоварданд. Чунки шавҳари ман одами хеле улфатӣ,зиндадил ва одил аст. Кӯшиш мекард, ки мусибати дигарон дар канор набошад, ба ҳама ба қадри имкон ёрӣ мерасонд. Вале вақте, ки ин бадбахтӣ бо ӯ рӯх дод, аз тарс дар назди мақомот бисёриҳо худро аз мо дар канор мегирифтанд, баъзеҳо бошанд, аз усулҳои пурсуҷӯ ва муносибат дар “шӯъбаҳо” огоҳ шуда, умуман аз шаҳр кӯчида рафтанд. Писари калонии ман мардумгурез шуда, дигар аз хона ба берун намебарояд. Чашмони ҳамеша ашколуди маро дида, фаҳмид, ки бо падараш ягон чизи даҳшатноке рӯх додааст. Вале Оллоҳ меҳрубон аст, меҳрубонии ӯ беандоза аст, ӯ ба Илҳомҷон қувват дод, ки ба ҳама шиканҷаҳо тоб орад, ба хотири фарзандони худ, ба хотири оилаи худ зинда монад. Ҳоло ҳам, вақте, ки гуё рӯзҳои пурдаҳшаттарин паси сар шуданд, метарсам, ки даҳшатҳои сахттаре ҳанӯз дар пеш набошанд. Мо ҳамеша фишори ҳукуматдоронро ҳис мекунем, ки дар шаҳр ягон ҳодисаи хурдтарин рӯй диҳад, ба оилаи мо таваҷҷӯҳӣ сахт зоҳир карда мешавад”, -мегӯяд Зарина.
Ба гуфтаи ӯ, баъди ҳодисаи бо Илҳом рӯйдода, оилаи онҳо бовариашро аз давлате, ки худро демократӣ ва ҳуқуқбунёд меномад, аз даст додаст. “Мо дурӯғӣ маҳзи судяҳо, коршиносӣ (экспертӣ) тиббии судиро дидем, вақте, ки шавҳари ман танҳо гумонбаршуда буд, ӯро ба суд барои гирифтани рухсатӣ ҳабс бо дасту пойҳои занҷирбанд оварданд, бо ҳамаи восита онҳо мехостанд пайҳои шиканҷаҳоро пинҳон кунанд. Ман ҳамаи инро бо чашмони худам дидам. Ин манзара то абад аз пеши назари ман дур намешавад. Ҳисси беадолатӣ, аз ҳама асосиаш, беҳимоятӣ аз бедодгарии баъзе мансабдории давлатӣ чун дарди шадид дилҳои моро азоб медиҳад”, -идома медиҳад ин зан.
Акнун ӯ аз мулоқот то мулоқот зиндагӣ мекунад. Ва ҳар боре, ки ӯ ба борхалтаи катак савғотиҳоро ҷо ба ҷо мекунад, аввал хуб тафтиш мекунанд, ки оё ҳамаи доруҳоро харидааст. “Вақте, ки ман ба ҳабсхона барои мулоқот меравам шавҳарамро дар паси панҷараҳо дар либоси сиёҳ мебинам, ман танҳо як хоҳиш дорам-кошки хар чӣ зудтар ҳамаи ин тамом мешуд”, -оҳ мекашад Зарина.
Ӯ умед дорад, ки ин ду сол мегузаранд ва хуршеди оламафрӯз боз дар болои сари писарони ӯ нурафшонӣ хоҳад кард ва аллакай дар ягон ҷое дар кишвари дигар онҳо дубора хурсандона фарёд мезананд “Дадаҷон омад!”.
Моҳи майи соли 2015 Илҳом Исманов аз ҷои маҳруми аз озодӣ бинобар ба анҷом расидани муҳлати ҷазо озод шудааст ва худи ҳамон сол ҳамроҳи оилааш ба Федератсияи Руссия рафт.