Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ (қатъномаи A/RES/39/46) Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул карда шуд, ки 26-уми июни соли 1987, баъди тасдиқ гардидан аз тарафи 20 давлат ба қувваи қонунӣ даромад. Соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ оид ба қайд кардани рӯзи 26-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қарор (қатъномаи A/RES/52/149) қабул намуд.
Конвенсияи мазкур дар ҳама гуна ҳолатҳо, аз ҷумла супоридани ашхос ба давлатҳое, ки онҷо барои онҳо таҳдиди ҷиддии шиканҷа вуҷуд дораду уҳдадории таъқиби ҷиноиро барои шиканҷа пеш меорад, шиканҷаро манъ кардааст.
Дар Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо 10-уми феврали соли 1995 қувваи қонунӣ гирифт. Бо пайвастан ба Конвенсия, мақомоти Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтанд, ки ҳама афроди таҳти ваколаташон қарордоштаро аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳимоя кунанд, дар амал риояи шартҳои Конвенсияро ба роҳ монанд ва бо Кумитаи зидди шиканҷа ҳамкорӣ карда, тавсияҳои онро иҷро намоянд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди ҳар як моддаи Конвенсия беш аз 30 ахбор омода кардааст, ки дар сомонаи Эътилоф аз 2-юми январ то 6-уми майи соли 2024 нашр шудаанд.
Бо иттилоот инҷо метавонед шинос шавед: