Кормандони иҷтимоӣ ва системаи пенитенсиарӣ таҷрибаҳои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва таъмирҳои руҳиву иҷтимоии онро омӯхтанд

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти равоншиносон-мушовирон ва руҳшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 18 корманди иҷтимоӣ ва 6 корманди системаи пенитенсиарӣ таҷрибаҳои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва таъсирҳои руҳиву иҷтимоии онро омӯзониданд.

Иштирокдорони тренинг амалҳои қадам ба қадам ҳангоми расонидани ёрии иҷтимоӣ ва дастгирии нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо, инчунин амалҳои алоқаманд бо роҳнамоии иҷтимоӣ ва кейс-менеҷмент (аз замони ворид гардидани қурбонӣ то офиятбахшии пурраи ӯ)-ро омӯхтанд. Ба ғайр аз ин, онҳо офиятбахшии ҳамаҷонибаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро тибқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Протоколи Истамбулӣ омӯхтанд.

Мутахассисони дар доираи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омӯзишдида барои кор бо нафарони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо дар самти кор ва роҳнамоии иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Пешбурди омӯзиши ҳуқуқҳимоякунӣ ҳангоми ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон», ки дар якҷоягӣ бо Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо ташкил карда шудааст, бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Соцработники и сотрудники пенитенциарной системы приобрели навыки документирования фактов пыток и их психосоциальных последствий

NoTorture.Tj