Кумаки Эътилофи зидди шиканҷа ва ташкилотҳои узви он барои пешгирии коронавирус

Баъди расман эълон гардидани ҳолатҳои сироятёбӣ аз бемории коронавируси COVID-19 қисми зиёди ташкилотҳои узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба кори фосилавӣ гузаштанд. Дар ин давра ташкилотҳои узви Эътилоф барои пешгирии бемории коронавирус кумаки худро ба аҳолӣ ва шарикону ҳамкоронашон дареғ надоштанд.

Дар доираи лоиҳаи Зигрид Раузинг Траст барои ташкилотҳо ва аъзои Эътилоф воситаҳои ҳимояти шахсӣ (ниқобҳои тиббӣ, антисептикҳо, дастпӯшакҳо) харидорӣ карда шуданд. Чунин кумак аз ҷониби лоиҳаҳои ташкилотҳои узви Эътилоф низ расонида шуд.

Аз ҷониби Ҳамкории байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо ФҶ «Нотабене» ва ТҶ «Хома» ҳуҷҷати «COVID-19» ва таъсири он ба вазъи мониторинги муассисаҳои пенитенсиарӣ ва озодии баён» омода карда шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур шарҳи стандартҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва шартҳои асосии чораҳое, ки давлатҳо дар мубориза бо паҳншавии COVID-19 истифода мебаранду аҳамияти бештар ба вазъи маҳбасҳову дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, инчунин ба самти озодии иттилоот ва баён равона гардидааст, пешниҳод шудааст.

Аз ҷониби Эътилоф дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиатномаву аризаҳо ба мақомоти давлатӣ омода карда шуданд.

Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шабакаи бонувони дорои маъюбият дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус изҳори омодагӣ намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мактуби Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ, ки дархост гардида буд, то ба вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар ва чораҳои андешидашуда бобати пешгирӣ ва огоҳсозӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус равшанӣ андохта шавад, посух дод.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар робита ба нигаронии аҳолӣ аз вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бо мактуб муроҷиат карда, талаб доранд, ки тавсияҳои онҳо ба эътибор гирифта шавад.

Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дар доираи фаъолиятҳои хайриявӣ ташкилотҳои узви Эътилоф воситаҳои тиббӣ, воситаҳои ҳимояти шахсӣ ва маводи хӯрока харидорӣ намудаву ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тиббӣ ва оилаҳои камбизоат тақсим карданд, чорабиниҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва равониро бевосита ва тариқи телефонҳои боварӣ идома доданд.

ТҶ «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» бо дастгирии молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва дастгирии ташаббус оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба сокинони ВМКБ ба маблағи 78 ҳазору 178,41 сомонӣ кумак расонид. Бо ин маблағ воситаҳои ҳимояти шахсӣ (ниқобҳои тиббӣ, либосҳои ҳимоявӣ), антисептикҳо, воситаҳои безарарсозӣ ва доруворӣ харидорӣ гардида, миёни кормандони РВКД ВМКБ, муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ тақсим карда шуд.

Аз ҷониби Ассосиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони боварии (+992) 98-333-87-57 ташкил карда шуд, ки ба расонидани машварати ҳуқуқӣ ҳам ба мизоҷон ва ҳам ба кормандони системаи тандурустӣ машғул аст.

Моҳҳои май - июни соли 2020 «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» барои адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, НТМ ва шаҳри Душанбе 265 маҷмуа воситаҳои ҳимояти шахсӣ харидорӣ намуд.

28-уми майи соли 2020 барои ҳуқуқшиносон ва фаъолон дар бораи пандемияи COVID-19 ва ҳуқуқи инсон вебинар гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар иштирок карданд.

27-уми июли соли 2020 барои 21 табиби беморхонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар мавзуи “Ҳуқуқи инсон дар давраи пандемия” тренинг гузаронида шуд.

Мутахассисони тиббии ФҶ “Солимии ҷомеа ва ҳуқуқи инсон” аз рӯзҳои аввали тасдиқи мавҷудияти COVID-19 дар ҶТ ба гуруҳҳои марбут ба расонидани машварати онлайнӣ оид ба масоили пешгирии паҳншавӣ, табобат ва интиқоли беморони бо нишонаи коронавирус пайвастанд. Дар давраи аз моҳи апрел то декабри соли 2020 равоншиноси ташкилот ба мизоҷоне, ки дар робита ба пандемия дар ҳолати душвор афтода буданд, машварати онлайнии ройгон расонид. Моҳҳои май - октябри соли 2020 кормандони ташкилот ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока ва воситаҳои ҳимояти шахсӣ (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо ва витаминҳо) харидорӣ намуданд, ки ба мизоҷони дар ҳолати душвори иқтисодӣ афтода тақсим карда шуданд.

Мутахассисони ТҶ «Наҷоти кӯдакон» аз рӯзҳои аввали тасдиқи расмии мавҷудияти COVID-19 дар ҶТ ба гуруҳи мобилӣ (ГМ) пайваста, минтақаҳои фарогириро дар ноҳияҳои дурдасти куҳистон ва ҷамоатҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (Ҳамадонӣ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Муминобод, Восеъ) миёни худ тақсим карда, дар доираи барномаи «Аз хона ба хона» чорабинии иттилоотӣ гузарониданд. Ба ғайр аз ин, моҳҳои май - июли соли 2020 кормандони ташкилот ба маблағи 7000 сомонӣ маводи хӯрока харидорӣ намуда, миёни 75 оилаи камбизоат тақсим карданд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Назари дигар» ва «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба 19 оилаи дорои кӯдакони бо нишонаи Дауна маводи хӯрока ва воситаҳои зиддивирусӣ тақсим карда шуд.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ҳамоҳангсози Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳуқуқ ба манзили дастрас ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти шабака Гузориши «COVID-19 ва ҳуқуқ ба манзил» оид ба чораҳои аз ҷониби ҳукуматҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ин давлатҳо дар самти ҳуқуқ ба манзили дастрас, ҳуқуқҳои манзилӣ ва фазои ҳал кардани мушкилоти дар натиҷаи пандемияи COVID-19 бамиёномада андешидашуда омода карда шуд. Ҳуҷҷат ба Гузоришгари махсуси СММ дар самти ҳуқуқ ба манзили дастрас Балакришнан Раджагопал фиристонида шуд.

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ба кӯдакони дар муассисаи ислоҳотии барои ноболиғон - Я/С 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазокунанда ва кормандони ин муассиса, инчунин ба шахсони аз шиканҷа зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо кумак расонид.

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар давраи пандемияи вируси COVID-19» бо маблағгузории Институти «Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон» дар соли 2020 расонидани маҳсулотро барои 150 оила дар вилояти Хатлон, 150 оила дар вилояти Суғд, 300 оила дар НТМ ва минтақаи Рашт таъмин намуд.

NoTorture.Tj