Мактуби кушода ба фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Тоҷикистон

Мактуби кушода ба фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Тоҷикистон

Мактуби кушода ба генерал-майор Эмомалӣ Собирзода, фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Тоҷикистон, дар мавриди ҳолатҳои муносибатҳои ғайрионномавӣ дар қисмҳои ҳарбии таҳти тобеиятӣ ӯ қарордошта.

Мӯҳтарам генерал-майор Эмомалӣ Собирзода!

Ба муносибати 22 солагии таъсиси Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо табрику таҳният гуфта, дар баробари ин мехоҳем таваҷҷӯҳи Шуморо ба масъалаҳое, ки  боиси нигаронӣ ҷомеа шудааст, ҷалб намоеммо зеро мо итминон дорем, ки шумо  ҳамеша барои баланд бардоштани  сифати омодагии Қушунҳои хушкигардро саъю кӯшиш ба харҷ медиҳедю. Мехоҳем аз Шумо даъват намоем, ки ба масъалаи «дедовшина» - муносибатҳои ғайрионномавӣ ва дигар суиистифода дар қисму воҳидҳои ҳарбии таҳти фармондеҳии шумо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоед. Муносибатҳои ғайрионномавӣ нисбати наваскарон, тавре ки ба мушоҳида мерасад, зуд-зуд рӯй медиҳанд ва, одатан, аз ҷониби ҳамхизматон ё, баъзан, аз ҷониби шахсони мансабдор содир карда мешаванд. Чунин зӯроварӣ аксаран бо огоҳӣ, розигии хомӯшона ё ҷонибдории афсарон ё дигар хизматчиёни ҳарбӣ рӯй медиҳад. 

Дар аксари ҳолатҳо ҷабрдидагони муносибатҳои ғайриоинномавӣ аз тарси таҳти фишор қарор нагирифтан ба ҷое шикоят намекунанд ва арзу шикоятҳо, чун қоида, танҳо дар ҳолатҳое пешниҳод мегарданд, ки ҳодисаҳои махсусан вазнин, ба монанди ҳалокати сарбози ҷабрдида рӯй додаанд. Дар мавриди се ҳодисае, ки ҳангоми онҳо хизматчиёни ҳарбӣ таҳти зӯроварии ҳамхизматони кӯҳнахизмати худ ё дигар суиистифода дар қисму воҳидҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард дар соли 2015 қарор гирифта, оқибати яке аз онҳо ҳалокати наваскар мебошад,  ба мо иттилоот ворид гардид. 

Ба гуфтаи падару модари  Фирдавс Раҳматови бистуяксола, ки донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд буд ба хизмати ҳарбӣ даъват нашуда буд, вале 7 майи соли 2015 дар натиҷаи «облава»-и худсарона ӯ дастгир карда шуда, ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии 0480 воқеъ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд адои хизмат мекард. Баъдан падари ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook баён дошт, ки Фирдавс ба ӯ гуфта буд, ки ӯро ҳамхизматони кӯҳнахизматаш мезананд, падараш мехост, ки ба Комиссари харби  шикоят кунад, вале Фирдавс аз тарси таҳти фишори  бештар қарор гирифтан аз падааш хоҳиш кард, ки ба касе шикоят накунад. 7 июн ба волидони ӯ хабар медиҳанд, ки Фирдавс ҳалок шудааст, ва баъдан ҳамон шаб аз қисми ҳарбӣ ҷасади ӯро барои дафн кардан ба волидан оварда месупоранд. Падару модари ӯ изҳор намуданд, ки ҳангоми шустани ҷасади писарашон дар бадани ӯ изҳои зиёди зарбу латро диданд. Падари Фирдавс Раҳматов якчанд аксҳоро ба сифати далели лату куби писараш дар саҳифаи худ дар Facebook интишор намуд. 10 июн Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд ду хизматчии ҳарбиро барои «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» (моддаи 391, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва аскаронро барои «вайрон карданимуносибатхои оинномавӣ» (моддаи 373, қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор донист. Тибқи манбаъҳои расмӣ се нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Манбаъҳои расмӣ ба воситаҳои ахбори  омма хабар доданд, ки фармондеҳони қисми ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои худ барканор карда нашудаанд. Аз суханони хамхизматони Фирдавс бармеояд, ки хамон рузхо зиёда аз 20 наваскарон ва хамхизматони Фирдавс аз тарафи ин се кухнахизмат латукуб шуда буданд.

Боз ду ҳолати марбут ба сарбозоне, ки дар қисми ҳарбии №12019 воқеъ дар шаҳри Душанбе адои хизмат менамуданд: 

6-уми марти соли 2015, хизматчии ҳарбӣ Фаррух Пулотов сарбоз Баҳриддин Насриддиновро, ки дар ошхонаи қисми ҳарбӣ навбатдории пагоҳирӯзиро анҷом медод мавриди лату кӯб қарор дод. Баҳриддин Насриддинов муддати як чанд рӯз аз ҳуш рафта буд ва ба беморхона бистарӣ гардид. Ташхиси тиббии судӣ муайян намуд, ки ба қисмати сари Баҳриддин Насриддинов ҷароҳатҳои вазнин расонида шудааст, аз он ҷумла косахонаи сараш кафидааст ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Бинобар варам кардани мағзи сар духтурон қисми устухони косахонаи сарро дар ҳаҷми 8.5 х 8.5 бурида гирифтанд. 9 март Фаррух Пулотов «барои вайрон кардани муносибатхои оинномави»  (моддаи 373, қисми 2 (d) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) айбдор дониста шуд. 27 май, аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе нисбати айбдоршаванда ҳукм дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 5,5 сол ва адо намудани ҷазо дар калонияи низомаш сахт, бароварда шуд. Адвокати Баҳриддин Насридинов вобаста ба ҳукми суд даъво пешниҳод намуд, ва дар он гуфта мешавад, ки ҷазои таъиншуда ба кирдори содиргардида баробар нест. 

Ромиз Шарифов дар ниммаи дуюми соли 2014 ба қисми ҳарбии №12019 воқеъ дар шаҳри Душанбе шомил шуд. Падару модари ӯ мегӯянд, ки ӯ чанд маротиба дар қисми ҳарбии №12019 воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки онҷо ҳамчун даъватшуда (навхизмат) адои хизмат менамуд аз ҷониби дигар сарбозон мавриди лату кӯб қарор дода шуд. Боре ӯро барои нодуруст ба ҷо овардани саломи ҳарбӣ мавриди лату кӯби сахт қарор доданд. Дар натиҷа ӯ азоби сахт кашида, дар натиҷаи  шиддат ёфтани азоби рӯҳӣ аз гап задан монд ва моҳи апрели соли 2015 ӯ дар беморхона бистарӣ шуд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, вале то ҳол касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ромиз Шарифов оиладор аст ва онҳо таваллуди фарзанди дуюмро интизоранд. 

Ҳамчун кишвари узв ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон Тоҷикистон ӯҳдадор гардид, то ки тамоми ҳуқуқҳои инсонро, ки дар Конвенсия пешбинӣ гардидаанд, ҳифз намояд. Моҳи ноябри соли 2012, Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа аз ҷониби кишвар иҷро гардидани муқарраротҳои Конвенсияро таҷдиди назар намуд. Моҳи январи соли 2013, Кумита мулоҳизоти хотимавии худро нашр намуда атрофи масъалаи дедовшина ва муносибати бераҳмона дар сафи Қушунҳои ҳарбии Тоҷикистон арзи нигаронӣ намуд. Кумита ба Тоҷикистон тавсияҳои зеринро пешниҳод намуд: Кишвари узв бояд ҷиҳати пешгирӣ ва манъ намудани дедовшина ва муносибати бераҳмона дар сафи қушунҳои ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад ва тафтишоти беғаразу одилонаи фаврии тамоми арзу шикоятҳои вобаста ба ҳолатҳои марбутаро кафолат диҳад. Дар ҳолати ошкор гардидани амалияи дедовшина, шахсони бевосита ин амалро содирнамуда ва шахсоне, ки дар содир гардидани он иштирок доштанд, муаяйн карда шаванд, мавриди таъқиби судӣ қарор дода шаванд ва шахсони гунаҳгор вобаста ба кирдори содирнамудаашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, натиҷаи чунин тафтишотҳо ба таври оммавӣ интишор карда шавад, товони зарари расонидашуда ҷуброн карда шавад, офиятбахшии пурраи шахсони зарардида анҷом дода шавад, аз он ҷумла ёрии тиббӣ ва психологии дахлдор таъмин карда шавад. 

Моро суханони Абдуқодир Нуров, Прокурори ҳарбии гарнизони Вилояти Суғд хеле хушнуд гардонд, ки дар нишасти матбуотии Прокуратура, 11 июни соли 2015 дар мавриди проблемаи боқӣ мондани бобосолори дар Тоҷикистон гуфта шуда буданд ва қайд гардид, ки ин амалия хилофи қоидаҳои ҳарбии хизмат мебошад. 

Ҳамчун Сарфармондеҳи Қушунҳои Хушкигард аз Шумо ҳоҳиш менамоем, то ки эълон карда шавад, ки муносибатхои гайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ манъ аст ва шахсоне, ки чунин кирдорро содир мекунанд дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. Инчунин аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳангоми рух додани чунин кирдорҳо (дедовшина) кормандони масъули тамоми қисмҳои ҳарбии тобеъи Кушунҳои Хушкигардбударо даъват намуда оид ба манъи дедовшина супоришҳои қатъи диҳед. Инчунин аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати махфӣ пешниҳод гардидани арзу шикоятҳо ва саривақт ба Прокуратураи ҳарбӣ барои анҷом додани тафтишот пешниҳод гардидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. 

Умедворем, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо ва иҷрои тавсияҳои дар боло зикрнамуда тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Баробари ин ба маълумоти Шумо расонидан мехохем, ки Эъилофи мазкур барои хамкори дар мубориза бо муносибахои гайриоинномавӣ  омода аст. Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки оид ба ҳама гуна тадбирҳои андешидашуда ба суроғаи зерин маълумот пешниҳод намоед: Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 5-ум, утоқи 41. 

Бо эҳтиром, 

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Ҷумхурии Тоҷикистон

Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд

23 июни соли 2015 

NoTorture.Tj