Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
(Иқтибос: б. 26 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*)
Маълумоти оморӣ ва нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон нақши муҳимро мебозанд. Кумитаи зидди шиканҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки маълумоти омории марбут ба мониторинги иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва намуди дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф дар сатҳи миллӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи шикоятҳо, тафтишоти гузаронидашуда, парвандаҳои оғозшуда ва ҳукмҳои айбдоркунанда вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, савдои одамон ва зўроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ, инчунин оид ба воситаҳои ҷуброн, махсусан маълумот дар бораи товони зарари ба қурбониён расонидашуда ва тавонбахшӣ ҷамъоварӣ кунад.
*Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (минбаъд – Стратегияи миллӣ) ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2023, таҳти № 357 қабул гардидааст.