Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
(Иқтибос: қ.3, б. 47 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*)
47. Самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолият ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ инҳо ба шумор мераванд:...- таҳияи низоми самараноки пешгирӣ, тафтиш, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин пешниҳоди воситаи самараноки ҷуброни зарар, аз ҷумла товон ва тавонбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо.
*Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (минбаъд – Стратегияи миллӣ) ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2023, таҳти № 357 қабул гардидааст.