Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 9-уми декабри соли 2019. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мониторинги муассисаҳои пенитенсиарӣ дар Тоҷикистонро гузаронид.
Ҳадафи мониторинг амалисозии усулҳои коркард ва мубориза бо экстремизм ва терроризм дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо роҳи омӯзиши шарту шароитҳои нигоҳдории нафарони бо ҷурми терроризм ва экстремизм ҳабсшуда, муайян намудани талаботи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба офиятбахшӣ мебошад.
Ба мониторинг 4 муассисаи ислоҳотӣ - МТ ЯС 3/8-и шаҳри Норак (колонияи занона), МТ ЯС 3/12-и шаҳри Душанбе (колонияи кӯдакона), МТ ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд, МТ ЯС 3/2-и шаҳри Ваҳдат ва 2 тавқифгоҳи тафтишотии СРИҶҶ ВА ҶТ (СИЗО ЯТ 9/2-и шаҳри Хуҷанд ва СИЗО ЯТ 9/1-и шаҳри Душанбе) фаро гирифта шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мониторинг як қатор пешниҳодот омода карда шуданд, ки ба амалисозии қонунгузорӣ ва беҳтар намудани фаъолияти амалии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, усулҳои коркард ва мубориза бо экстремизм ва терроризм дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ равона гардидаанд.
20-уми ноябри соли 2019 дар ҷараёни баргузории «Форуми нахустини пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ» натиҷаҳои мониторинг пешниҳод гардида буданд.
Мониторинг бо дастгирии лоиҳаи Дафтари баномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ислоҳоти системаи адолати судӣ» ва Барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2015-2019 гузаронида шуд.