Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
9-уми октябри соли 2024 ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои аҳолӣ машваратҳои сайёр доир намуд.
Чорабиниҳои мазкур ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, бахусус озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона баргузор гардиданд.
Дар маҷмуъ ба 15 нафар шаҳрвандон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.
Мушовирон ба шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида, ба ҳама саволҳои онҳо оид ба ҳуқуқҳои мурофиавӣ (ҷиноятӣ), авф, тобеияти парвандаҳо, ҳуқуқи кӯдак ва ғайра посух доданд.