Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
30-юми августи соли 2024 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Хуҷанд машваратҳои сайёр доир намуданд.
Чорабинии мазкур ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии оммаи васеъ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд.
Зимни машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» (ташкилоти узви Эътилофи зидди шиканҷа) ба саволҳои шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, инчунин муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, манзилӣ, шаҳрвандӣ ва оилавӣ тибқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, Кодекси нави манзили ҶТ (2022), Кодекси нави андози ҶТ, Кодекси нави граждании ҶТ (2023) ва Кодекси оилаи ҶТ посух доданд. Ҳимоятгарони ҳуқуқ инчунин ба нафарони дорои маъюбият маслиҳат ва ҳуқуқҳои онҳоро тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ ба маъюбон» шарҳ доданд.
Саволҳои шаҳрвандон асосан ба ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дахл доштанд. Аз ҷониби ҳимоятгарони ҳуқуқ ҳуқуқи шахсони боздоштшуда ва дар муассисаҳои пӯшида нигоҳдоришаванда ба озодӣ аз шиканҷа шарҳ дода шуд. Илова бар ин, шаҳрвандон ба масъалаҳои марбут ба баҳсҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, иштироки саҳомӣ дар сохтмони манзил, қонунигардонии сохтмони худсарона, инчунин ҷуброни вайрон кардани манзил ҳангоми гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ ҳангоми татбиқи Нақшаи генералии рушди шаҳру ноҳияҳои ҶТ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Оид ба масоили қоида ва тартиби ҷуброни зарар тибқи меъёрҳои қонунгузории граждании ҶТ ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд.