Маводи таълимӣ ва иттилоотӣ дар бобати манъи шиканҷа

1. Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки маводи таълимӣ ва иттилоотӣ дар бобати манъи шиканҷа пурра ба барномаҳои омӯзиши ҳайатӣ (персоналӣ) мақомоти ҳуқуқ истифодабаранда, ғайринизомӣ ё низомӣ, ҳайати (кормандони) тиббӣ, шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони дигаре, ки метавонанд ба нигоҳдорӣ дар ҳабс ё пурсиши шахсони дар ҳама гуна шакл ҳабсшуда, боздоштшуда ё дар ҳабсхона қарордошта ё муомила бо онҳо ягон хел муносибат дошта бошанд, дохил карда шаванд.

2. Ҳар як Давлати узв ин манъро ба қоидаҳо ё дастурамалҳои марбут ба вазифаҳо ва функсияҳои ҳама гуна чунин шахсон ворид менамояд.

Моддаи 10-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj