Мендес: Шиканҷаро бардоред! Мақомот: Ин вақт мехоҳад

Мендес: Шиканҷаро бардоред! Мақомот: Ин вақт мехоҳад

Гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа мегӯяд, ду омили асосӣ - ҳамчун роҳи осони анҷоми тафтишот ва беҷазо мондани омилонаш - боис шудааст, ки шиканҷа дар Тоҷикистон ҳамоно ба сурати фаровон истифода шавад.

Хуан Мендес - гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа шоми рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли Озодӣ гуфт, умдатан се омил боис шуда, ки дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ нисбати шаҳвандон аз шиканҷа кор мегиранд: «Шиканҷа ҳангоми тафтишот бештар истифода мешавад. Чунки усули хеле осонест барои иқрор кардани айбдоршавандагон ба даст доштан дар ҷиноят. Яъне кормандони қудратӣ шиканҷа мекунанду нишондоди қоилшавиро мегиранд ва бо ҳамин парванда анҷом мешавад. Дигар омил ин фарҳанги беҷазо мондани гунаҳкорон аст».

Хуан Мендес аз рӯзи 10 феврал бо як сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ ду сол пеш - дар моҳи майи соли 2012 - низ аз Тоҷикистон дидан карда, ба дунбол барои давлати Тоҷикистон ба манзури маҳви шиканҷа як силсила тавсияҳо дода буд. Мендес ин бор ба хотири омӯзиши дигарбораи вазъи шиканҷа ва чӣ гуна иҷро шудани тавсияҳои қаблиаш ба Душанбе омадааст.

Манзур аз ибораи «фарҳанги беҷазо мондан»-и ҷаноби Мендес ин аст, ки аксарияти ниҳодҳои қудратӣ бовар доранд, ки бо шиканҷа кардани нафаре худашон муҷозот нахоҳанд шуд. Аммо ба таъкиди ҷаноби Мендес, барои аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон бояд иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад ва кормандони мақомоти қудратӣ дарк кунанд, ки онҳо ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳастанд, на зараррасони онҳо.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии Тоҷикистон зимни мизи мудаввар бо иштироки Хуан Мендес ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд, банди марбут ба шиканҷа ба тозагӣ - ҳамагӣ ду сол қабл - ба Кодеккси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шудааст ва барои пурра нест кардани шиканҷа дар кишвар вақт зарур аст. Зимни ин нишаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз он гила карданд, ки онҳо имкони вориди зиндонҳо шуданро надоранд.

Баҳром АбдулҳақовБаҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон зимни мизи мудаввар бо иштироки Хуан Мендес ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфт, барои ислоҳи вазъ вақти бештар зарур аст: «Шумо моро дуруст фаҳмед. Аз ташаккули худи давлати Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштаст. Ҷанги шаҳрвандӣ буд, дигар мушкилиҳо буд. Ба мо вақт диҳед, мо вазъро ислоҳ кунем. Мегӯед, ки чаро мо шуморо ба назди маҳбусон намегузорем? Шумо ба мо вақт диҳед, ки ба чунин вохӯриҳо омода шавем аввал».

Ҷаноби Абдулҳақов афзуд, онҳо ба намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хабарнигорон ва ҳатто ба ҳомиёни ҳуқуқ аз хориҷа, аз ҷумла, ба вакилони порлумони Олмон низ имкон дода буданд, ки вориди маҳбасҳо шаванд. Ба таъкиди ин мақомдори тоҷик, дар бархе мавридҳо расонаҳо хабарҳои носаҳеҳ ва бардурӯғро дар нисбати шиканҷа ва ҳатто марги маҳбусон паҳн мекунанд.

Нигина БаҳриеваАммо дар посух ба ин иддаои Абдулҳақов, Нигина Баҳриева - роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон мавсум ба «Нота бене» гуфт, барои хотима додан ба шиканҷа маблағ ва вақти зиёд зарур нест, танҳо иродаи сиёсӣ ва хоҳиш зарур аст: «Сохтмони маҳбасҳои нав воқеан маблағи зиёд талаб мекунад. Аммо барои ба маҳбас роҳ додани ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва журналистон барои сӯҳбат бо маҳбусон пули зиёд даркор нест. Омаданду диданду сӯҳбат карданд, тамом».

Хонум Баҳриева афзуд, агар худи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба маҳбасҳо дастрасӣ дошта бошанд, ин гуна сару садоҳо низ камтар мешавад.

Шумори маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 11000 нафар гуфта мешавад. Ҳамасола бо ҳукми додгоҳҳо дар ин кишвар тақрибан 5000 нафар равонаи зиндон мешаванд. Додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо дар мавридҳои ангуштшумор ҳукми сафед мебароранд. Дар соли гузашта танҳо дар 4 маврид қозиҳои тоҷик гумонбаронро бегуноҳ бароварда, аз толори додгоҳ ҷавоб додаанд.

Абдулло Ашӯров, Ozodi

Мендез: Вазъи мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон беҳбуд наёфтааст

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа мегӯяд, ки аз замони дидори ахираш аз Тоҷикистон дар соли 2012 дар ростои мубориза бо шиканҷа дар ин кишвар пешрафти чашмгире ба даст наомадааст.

Хуон Мендез рӯзи чаҳоршанбеи 12 феврал дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон аз муассисоти боздоштӣ, боздоштгоҳҳои пулис ва амниятӣ ва зиндонҳои ин кишвар дидан карда ва бо раиси Маҷлиси намояндагон, вузарои хориҷа ва умури дохила ва омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Оқои Мендез гуфт, ки то ҳол мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон ба таври густарда вуҷуд дорад, аммо дар соли милодии гузашта танҳо чаҳор парванда дар ин бора боз шудааст, ки ин рақам ночиз аст.

Вай афзуд, дар ҳоле ки алайҳи омилони шиканҷа парванда боз мешавад, вале онҳо на барои истифода аз шиканҷа, балки бештар "суиистифода аз мақоми хидматӣ" муҷозот мешаванд, ки ин муҷозот сабук аст ва бо меъёрҳои кунвонсиюни байналмилалӣ алайҳи шиканҷа мутобиқ нест.

Оқои Мендез ҳамчунин аз он ибрози нигаронӣ кард, ки дар гузашта бархе аз омилони шиканҷа дар Тоҷикистон афв шудаанд, ки ин амр ҳам хилофи муқаррароти кунвонсиюни зидди шиканҷа аст. Вай афзуд, ки яке аз далоили густариши шиканҷа дар Тоҷикистон беҷазо мондани омилони ин ҷурм аст.

Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа дар моҳи майи соли 2012 низ вориди Тоҷикистон шуда буд. Вай он замон бо вазъи 17 муассисаи боздоштӣ, боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар ошно шуда ва бо пайвандони афроде, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, дидор карда буд.

Ӯ ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон ба ниҳодҳои зидахли ин кишвар тавсия дода буд, ки муддати мулоқоти зиндониёни ҳабси абад бо пайвандонашон бештар шуда ва давлат прутукули илҳоқии Кунвонсиюни манъи шиканҷаро тасвиб кунад.

Тоҷикистон дар соли 1996 ба ин кунвонсиюн пайваста, аммо прутукули илҳоқиро то кунун имзо накардааст. Оқои Мендез гуфт, ки мақомоти тоҷик пешниҳоди ӯ дар бораи имзои ин прутукулро иҷро накардаанд.

Хуон Мендез гуфт, ки дар дидори қаблиаш мақомоти Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки ба созмонҳои алайҳи шиканҷа иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳанд, аммо ин ваъда ҳам иҷро нашудааст. Вай бори дигар аз вазорати адлияи Тоҷикистон хостааст, ки ба Салиби Сурх иҷозаи дидор аз зиндонҳоро бидиҳад.

Яке аз пешниҳодҳои гузоришгари вижаи СММ дар соли 2012 ислоҳи қонуни кайфарии Тоҷикистон ва изофа кардани мафҳуми "шиканҷа" ба он буд, ки ин пешниҳод иҷро шудааст.

Таъмини дастрасии боздоштшудагон ба вакили мудофеъ билофосила пас аз боздошт низ аз ҷумлаи пешниҳодҳои оқои Мендез дар ду сол қабл буд. Ҳарчанд ин пешниҳод аз лиҳози қонунӣ иҷро шуда, вале дар амал мақомот онро иҷро намекунанд, яъне рӯи коғаз мондааст.

Вай гуфт: "Борҳо таъкид кардем ва ҳоло ҳам таъкид мекунем, ки боздоштшудагон худашон бояд вакили мудофеъи мустақилеро киро кунанд, на ин ки давлат барои онҳо вакил таъйин кунад, зеро дар ин сурат бозрасӣ ба таври шаффоф ва озод анҷом намешавад."

Хуон Мендез ба мақомоти тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар барои назорат ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа дурбинҳои назоратӣ насб шаванд. Ба гуфтаи ӯ, шиканҷа умдатан ба ҳангоми боздошт ва барои дарёфти эътироф аз сӯи маъмурон сурат мегирад.

Дар посух ба ин суол, ки оё мавзӯъи шиканҷа ва марги Умедҷон Тоҷиев, як фаъъоли ҳизби наҳзати исломӣ, низ дар дидорҳои ӯ бо мақомоти тоҷик баррасӣ шуд, оқои Мендез гуфт, ки ин масъалае инфиродӣ дар меҳвари гуфтугӯҳои ӯ қарор надошта, зеро ӯ дар маҷмӯъ ба низоми зиндонҳо ва вазъияти шиканҷа мепардозад.

Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа аз давлати Тоҷикистон ибрози сипосгузорӣ кард, ки ба ӯ ҳам дар соли 2012 ва ҳам дар ин ҳафта иҷозаи вуруди бидуни барномарезӣ ба зиндонҳо ва муассисоти бастаро додааст. Аммо ӯ гуфт, ки имкон надошт хабарнигорон ё намояндаҳои ҷомеъаи маданиро ҳамроҳ бигирад.

Хуон Мендез гуфт: "Мо ҳаргиз нагуфтаем, ки вазъи зиндонҳо хуб аст, танҳо гуфтем, ки ба мо имкон доданд, ки ворид шавем ва аз ин кор хушҳолем. Метавонам бигӯям, ки имкони боздид кардан аз зиндонҳо дар Тоҷикистон ҳатто нисбат ба Қирғизистон беҳтар аст".

Масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта таъкид доштанд, ки дар соли гузашта ҳеҷ мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар сабт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ зимни як баёния аз марги мармузи Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар бемористони Идораи зиндонҳои шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда буд.

Ҳамчунин, ин ниҳод аз марги Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Дилшодбек Муродов, Исмоъил Бачаҷонов, Исмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов ва Ҳамзаалӣ Икромзода дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои Тоҷикистон ёдовар шуда буд, ки гумон меравад бар асари шиканҷа ҷон бохтаанд.

Би-би-сӣ

Гузоришгари вижаи СММ: “Бо Зайд Саидов мулоқот накардам”

Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал, ки шоми 12 феврал аз сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ӯ натавонистааст бо Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав ва вазири пешини саноат, дидор кунад. Ҷаноби Мендез афзуд, ҳарчанд пешниҳодҳо дар бораи мулоқоти ӯ бо Саидов дар зиндон вуҷуд дошт, аммо онҳо ба масъалаи инфиродӣ машғул намешаванд, балки вазъро дар умум баррасӣ мекунанд. 

“Мо вазъиятро дар умум назорат ва баррасӣ мекунем. Аз ин рӯ, имкони мулоқот бо Зайд Саидов нашуд”, - афзуд ӯ. Раҳбари Тоҷикистони нав, вазири пешини саноат ва аз соҳибкорони муваффақ Зайд Саидов 25 декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вай моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки ба ҳайси вакили шаҳрӣ масуният дошт, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва ба қаллобиву бисёрзанӣ, ва таҷовуз ба номусу сӯистфиода аз мақом айбдор гардид. 

САЛИБИ СУРХ

Хуан Мендез дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостааст, ба намояндагони Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳо иҷоза бидиҳанд. Ӯ афзуд: “албатта, дар аксари кишварҳо зиндонҳо дари боз надоранд. Барои мисол, дари зиндонҳо дар Русия барои касе кушода нест. Вале мо аз мақомоти тоҷик хостем, ҳадди ақал ба Салиби Сурх иҷоза бидиҳанд, то онҳо низ миссияи худро ба анҷом расонанд”.

ГИЛАИ МЕНДЕЗ

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа аз ин пеш дар як мизи гирд бо иштироки мақомдорони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, тавсияи қаблияш дар бораи гузарондани мониторинги мустақили вазъи маҳбасу зиндониён иҷро нашудааст. Хуан Мендез дар пайи шикояти ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки гуфтанд, ба маҳбасхонаҳо дастрасӣ надоранд, бори дигар ба мақомоти кишвар тавсия дод, ки як гурӯҳи махсусро бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намоянду вазъи маҳбасхонаҳоро мониторинг кунанд: “Ҳанӯз дар сафари қаблӣ тавсия додем, ки мониторинги маҳбасхонаҳои Тоҷикистон гузаронда шавад, ки то ҳол иҷро нашудааст. Бори дигар хоҳиш мекунем, ин кор амалӣ шаваду дастрасии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳбасхонаҳо таъмин гардад”.

МАВҚЕИ БОБОНАЗАРОВА

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, зимни ин ҳамоиш изҳор дошт, аз сафари моҳи майи соли 2012-и Мендез ба Тоҷикистон то ҳозир вазъи шиканҷа якбора бадтар шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки то он замон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадди ақал имкон доштанд, ки аз маҳбасхонаҳо боздид кунанду аз ҳоли маҳбусон хабар гиранд.

ҶАВОБИ АЛИЗОДА

Дар ҷавоб ба изҳороти Мендез ва шикоятҳои ҳомиёни ҳуқуқ Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен гуфт, феълан гурӯҳи махсуси корӣ барои мониторинги маҳбасхонаҳо ташкил шудааст ва ин кор дар ояндаи наздик амалӣ хоҳад шуд.

Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, дар пайи мулоқот бо мақомоти тоҷик аз маҳбасхонаю маҳкамаҳо низ дидан кардааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла, зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.

Озодагон