Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзноманигорони кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии баён - 3-юми май табрик мегўяд! Дар ин марҳилаи мушкили пандемия мо мехоҳем ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеӣ, боэътимод ва босифат дастгириву қадршиносии худро изҳор намоем. Роҳбарони ҷаҳонӣ аллакай иқрор карданд, ки матбуоти озод барои вокуниши...

03.05.2021 - 15:48

Мониторинг[1]: масъалаи истифодаи шиканҷа таҳлил шудааст Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст...

03.05.2021 - 13:46

Барномаи мустақими радиоӣ: «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» #МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! #ЯзаИскоренениеПыток! #IamForTheEliminationofTorture! Дар соли 2021, дар барномаи мустақими радиоӣ таваҷҷуҳ ба он равона гардид, ки барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа аз ҷониби давлат чӣ корҳо анҷом дода шуд ва инчунин, дар давлат кӣ бояд назорат барад, то...

30.04.2021 - 10:45

Дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» масоили самтҳои гуногуни ҳуқуқро шарҳ медиҳанд. Дар доираи силсилаи саволҳо-ҷавобҳои (FAQ) «Хусусиятҳои ислоҳоти судии ҷиноятӣ» маротибаи гузашта ҳуқуқшиносон масоили вобаста ба таъқиби судӣ ва нақши айбдоркунанда дар мурофиаи ҷиноятиро шарҳ дода...

28.04.2021 - 00:04

Пандемияи COVID-19 ба бекории бесобиқаи сартосарӣ оварда расонид, ки дар натиҷа бисёр мамлакатҳо метавонанд ба мушкилоти набудани амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш дар сессияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба амалисозии ҳадафҳои рушди устувор зикр намуд....

27.04.2021 - 00:09

28-уми апрели соли 2021 аз соати 13:00 то 14:00 дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани «шиканҷа» ҳастам!» ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, дар радиои «Азия-Плюс» барномаи «Меҳмон дар студия» (60 дақиқа) баргузор мегардад. Меҳмонон дар студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва...

26.04.2021 - 10:19

Хонаводаи марҳум Гадозода Меҳроҷиддин оид ба дар ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидани писарашон ба мақомоти болоии ҳифзи ҳуқуқ шикоят намуданд. Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои марҳум Гадозода Меҳриддин, ки ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ санаи 10-уми апрели соли равон барои гурехтан аз ҷавобгарии...

22.04.2021 - 14:45

Дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» масоили самтҳои гуногуни ҳуқуқро шарҳ медиҳанд. Дар доираи силсилаи саволҳо-ҷавобҳои (FAQ) «Хусусиятҳои ислоҳоти судии ҷиноятӣ» маротибаи гузашта ҳуқуқшиносон масоили вобаста ба нақши айбдоркунанда дар мурофиаи ҷиноятиро шарҳ дода буданд. Дар ин...

20.04.2021 - 22:57

Аризаи Саодат Кулиева - модари Хуршед Бобокалонов, ки 12 сол пеш дар натиҷаи муносибати бераҳмона ҳангоми боздошт аз тарафи кормандони милитсия фавтид, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои баррасӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристонида шуд. Дар ин бора адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод. Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, то 10-уми апрели соли 2021 дар...

19.04.2021 - 22:51

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренинги навбатиро гузаронид. Ин навбат тренинг аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа,...

17.04.2021 - 10:23

Страницы