Пахши мустақим дар Радиои «Азия Плюс» + машваратҳои ҳуқуқии онлайнӣ

28-уми апрели соли 2021 аз соати 13:00 то 14:00 дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани «шиканҷа» ҳастам!» ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, дар радиои «Азия-Плюс» барномаи «Меҳмон дар студия» (60 дақиқа) баргузор мегардад.

Меҳмонон дар студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Абдураҳмон Шарипов ва Шозодаева Гулгуна мебошанд.

Коршиносон дар бораи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби давлат дар самти амалисозии ин тавсияҳо чӣ гуна фаъолиятҳо анҷом дода шудаанд, табодули иттилоот мекунанд. Иттилоот дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудаанд. Коршиносон ҳамзамон ба саволҳои шунавандагони радио посух медиҳанд.

Ҳадафи чорабинӣ таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодӣ аз шиканҷа ба шумор меравад.

Натиҷаҳои чорабинӣ: Муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва талабот ба мақомоти давлатӣ барои ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирӣ» нисбати шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути васоити ахбори омма.

Баргузории чорабинӣ бо дастгирии молиявии Лоиҳаи БРСММ “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” (UNDP) имконпазир гардидааст.