Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Барномаи мустақими радиоӣ: «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!»
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
Дар соли 2021, дар барномаи мустақими радиоӣ таваҷҷуҳ ба он равона гардид, ки барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа аз ҷониби давлат чӣ корҳо анҷом дода шуд ва инчунин, дар давлат кӣ бояд назорат барад, то шиканҷа истифода бурда нашавад. Иттилооти пешниҳодгардида доир ба рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Коршиносон инчунин ба суолҳои шунавандагони радио посух доданд.
«Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ман қатъиян эълон медорам,
ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳеҷ сурат ҳуқуқ надорад аз шиканҷа
ё муносибати пастзанандаи шаъну шараф истифода барад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Барномаи мустақими радиоӣ 2-юми апрели соли 2021 аз соати 13:00 то 14:00 дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар радиои Asia-Plus дар барномаи «Меҳмон дар студия» бо баранда Орзу Исоев баргузор гардид.
Инчунин, дар ин мавзуъ 30-юми апрели соли 2021 бо барандаи радио Манижа Қурбонова видеоподкаст омода карда шуд: https://agacelebir.com/afu.php?zoneid=3601336&var=2579647
Ба ҳайси коршиносон Абдураҳмон Шарипов - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, инчунин Гулгуна Шозодаева - ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ба шумор меравад, баромад карданд.
Коршиносон оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои Тоҷикистон ва дар мавриди он, ки кадом фаъолиятҳо аз ҷониби давлат барои иҷрои тавсияҳо тибқи «Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» амалӣ гардидаанд, табодули иттилоъ намуданд. Иттилоот дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Мақсади чорабинӣ маълумотноксозии ҳуқуқии аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодӣ аз шиканҷа аст. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои муттаҳид намудани талошҳову талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баҳри ба вуҷуд овардани сиёсати «таҳаммулпазирии сифрӣ» ба шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути ВАО мусоидат мекунад.
Коршиносон ба суолҳои воридгардида бо истинод ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ посух дода, мисолҳои амалӣ оварданд. Ҳангоми барномаи радиоӣ оид ба таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон баҳс ба миён омад. Асосан шунавандагон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон занг заданд. Инчунин, оид ба тартиби он, ки агар онҳо ё хешовандони наздикашон аз шиканҷа зарар дида бошанд, чӣ гуна ва ба куҷо бояд барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ муроҷиат намоянд, тариқи вайбери барномаи мустақим суолҳо ворид шуданд.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Лоиҳаи БРСММ «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» (UNDP) имконпазир гардид.
Маълумот: Доираи асосии шунавандагони радиои «Азия-Плюс» одамони синни аз 30 то 45-сола мебошанд. Минтақаи фарогирӣ - шаҳри Душанбе ва НТМ, шаҳрҳои Бохтар, Леваканд (Сарбанд), ноҳияҳои Кӯшониён, Румӣ ва Вахши вилояти Хатлон аз рӯйи мавҷи 107.0 FM, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз рӯйи мавҷи 104.4 FM аст. Айни замон шумораи шунавандагони радио зиёда аз 2 миллион нафар аст ва он аз ҳисоби фарохгардии минтақаи фарогирӣ доимо васеъ мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj