Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши суди мустақил дар таъмини мурофиаи одилонаи судӣ»

Душанбе, 14.10.2024 мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши суди мустақил дар таъмини мурофиаи одилонаи судӣ» баргузор мегардад.

Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Дафтари минтақавии Осиёи Марказӣ (ROCA)-и Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия маҳсуб меёбанд.

Созмондиҳандагон барои муколамаи ошкоро ва созанда баҳри баррасии мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли муассир байни намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон замина фароҳам меоранд.

Дар мизи мудаввар намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-тиббӣ ва Беморхонаи касалиҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсони кишвар иштирок мекунанд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо суроғаи зерин муроҷиат намоед:

E-mail: notorture.tj@gmail.com

NotortureTj