Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши суди мустақил дар таъмини мурофиаи одилонаи судӣ»

14-уми октябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши суди мустақил дар таъмини мурофиаи одилонаи судӣ» баргузор гардид.

Ташкилкунандагон барои муколамаи ошкоро ва созанда баҳри баррасии мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои муассир байни намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон майдони фаррох фароҳам оварданд.

Дар рафти чорабинӣ коршиносон дар мавзуҳои «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва стандартҳои мустақилияти низоми судӣ ва ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ», «Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тақвияти нақш ва иқтидори Иттифоқи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мустақилияти судяҳо, ошкорбаёнӣ ва шаффофияти фаъолияти судҳо», «Мушкилоти мустақилияти низоми судӣ дар Тоҷикистон: хулосаҳо ва тавсияҳои асосӣ» бо маърӯза баромад карданд. Инчунин мушкилоти асосие, ки адвокатҳо ҳангоми ҳимояи мизоҷон дар суд дучор меоянд, низ баррасӣ шуда, дар мавзӯи «Стратегияи рафъи монеаҳо ва таҳкими ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ» суҳбати умумӣ сурат гирифт.

Дар мизи мудаввари коршиносӣ намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон - Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ ва Беморхонаи касалиҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар иштирок намуданд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Дафтари минтақавии Осиёи Марказӣ (ROCA)-и Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия буданд.

NotortureTj