Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: механизми баргузории мониторингҳо такмил дода мешавад
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Тибқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, вобаста ба иҷрои банди 10-и нақша механизми баргузории мониторингҳо аз ҷониби гуруҳи мониторингии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сол аз сол такмил дода мешавад. Аз ҷумла, гуруҳи мониторингии мазкур соли 2019 дар 14 муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида мониторинг гузаронидааст. Соли 2020 баргузории мониторингҳо аз ҷониби гуруҳи мониторингии мазкур дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида бинобар паҳн гардидани бемории COVID-19 маҳдуд карда шуд. Новобаста аз маҳдудиятҳо, аз тарафи кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - аъзои гуруҳи мониторингӣ дар муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/2, 3/8 ва 3/5-и СРИҶҶ Вазорати адлия, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД дар ноҳияҳои Балҷувони вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Тоҷикобод, тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ9/3-и СРИҶҶ Вазорати адлия дар шаҳри Хоруғи ВМКБ (дар умум 7) мониторинг гузаронида шудааст.
Вобаста ба иҷрои зербанди 2, банди 10-и нақша бошад, Вазорати адлия таъкид намудааст, ки пешниҳоди қаблии худро дар хусуси такмил додани лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар асоси қонунгузории кишвар ва амалӣ намудани масъалаи боздид аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи реҷаи нақшавӣ дастгирӣ менамояд. Бояд қайд намуд, ки то ҳол вобаста ба пешниҳоди мазкур мавқеи кумитаи зикршуда ба таври расмӣ пешниҳод карда нашудааст.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа