Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: судяҳоро ба семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба шиканҷа ҷалб кардаанд
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Тибқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, вобаста ба зербанди 7, банди 8-и нақша гуфта мешавад, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ соли 2019-ум 58 ва соли 2020-ум 62 маҳкумшуда аз бемориҳои гуногун, аз қабили сактаи дил, бемории сили шуш, ВНМО, СОVID 19 ва дигар бемориҳо вафот кардаанд. Таҳлил нишон додааст, ки аксарияти маҳкумшудагони вафоткарда то ба ҳабс гирифтанашон ба бемориҳои гуногун мубтало буда, ҳангоми адои ҷазо бемории онҳо рушд карда, дар баъзе мавридҳо боиси марги онҳо гаштааст.
- Тартиби бақайдгирии ҳолатҳои вафоти маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ дар асоси талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тартиби ташкил ва расонидани ёрии тиббӣ ба шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо менамоянд ва зери боздошт қарор доранд», ки бо Фармоиши муштараки вазири адлия ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳти № 40/402 аз 1-уми майи соли 2018 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ҳар як ҳолати вафоти маҳкумшудагон аз ҷониби мақомоти прокуратура барои муайян намудани сабаби марг саривақт чорабиниҳои мурофиавӣ гузаронида мешаванд,- омадааст дар гузориш.
Бо мақсади иҷрои банди 9-и нақша бошад, аз ҷониби Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҷинояти вобаста ба шиканҷа» 176 судя ва 58 коромӯз-судяҳо ҷалб карда шудаанд. Ғайр аз ин, соли 2020 ба барномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ мавзӯи «Омӯзиши татбиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба шиканҷа» ворид гардида, 162 судя ба семинарҳои омӯзишӣ дар ин самт фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба мавзӯи «Принсипҳои таҳқиқу тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ» бо кумаки Дафтари барномаҳои Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе бо 43 судяи ҷумҳурӣ ва 3 нафар кормандони Маркази таълимии судяҳо семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардидааст.
- Бо дарназардошти аҳамияти муҳими мубориза бар зидди шиканҷа қарори Пленуми Суди Олӣ аз 25-уми июни соли 2012, таҳти №1 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» амал менамояд, ки дар он ба судҳо ҷиҳати дуруст татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба шиканҷа тавзеҳоти дастурӣ дода шудааст,- ёдоварӣ гардидааст дар гузориш.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа