Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо иди касбиятон муборакбод мегӯяд!
Ҳамчун корманди адлия ва суд, шумо вазифаҳои муҳимтаринро оид ба мустаҳкамсозии тартиботи ҳуқуқӣ, дахлнопазирии асосҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда, барои фароҳам овардани фарҳанги баланди ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамоед.
Суд ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои мушаххаси афродро аз ҷумла дар самти мубориза муқобили истифодаи шиканҷа амалӣ менамояд. Қабл аз ҳама, судҳо дар самти дастгирии волоияти қонун кафолат ба шумор мераванд, чун онҳо дорои имкониятҳои зиёде ҳастанд, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии милливу байналмилалии вобаста ба ҳимояи нафарони дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарордошта, истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ѓайри қобили қабули муносибат нисбати онҳо зикр ёфтаанд.
Мақомоти адлия бояд дар самти бартарафсозии омилҳое, ки ба муборизаи самаранок зидди шиканҷа дар системаи ҷиноятӣ-истеҳсолотӣ монеагӣ мекунанд, чораҳо андешанд, ҳуқуқҳои амалкунандаро ҷиддӣ назорат намоянд, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ба тартиботе, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории милливу байналмилалӣ нестанд, роҳ надиҳанд.
Дар ин роҳи пурмасъулияти хизматии ба нафъи ҷумҳурӣ ва мустаҳкамсозии давлатдорӣ ба шумо фаъолияти пурсамар, қувваи зиёд, ояндабинӣ, илҳом ва истодагарӣ дар амалисозии ҳадафҳои пешгузошта, рушди касбият, саломатӣ, бурдбории оилавӣ ва сулҳро таманно дорем!